Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Номзадҳои Ҳизби сотсиал-демократ ба парлумон


Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон феҳрасти 21 нафар номзади худ, бо шумули Султон Қувватов - раиси ҳизби ғайрирасмиии Тараққиёти Тоҷикистон, Самариддин Фазлиддинов соҳибкори шинохтаи тоҷик ва Раҷаби Мирзо - сардабири ҳафтаномаи "Рӯзи Нав"-ро ба ҳавзаи умумҷумҳуривии интихоботи парлумонӣ пешниҳод хоҳад кард. Дар анҷумани ҳизби мазкур, ки рӯзи 19 декабр баргузор гардид, ҷараёни вуруди номзадҳо ба феҳраст бар асоси алифбо сурат гирифт, ки ин боиси эътирози баъзе аз номзадҳо шуд. Аз ҷумла Султон Қувватов - раиси Ҳизби тараққиёт изҳори норозигӣ намуд, ки бар асоси қарододи ҳар ду ҳизб пешниҳоди номи номзадҳо набояд бар асоси алифбо сурат бигирад, зеро номи ӯ дар яке аз ҷойҳои авввал қарор нахоҳад гирифт.
Бо назардошти эътирози Султон Қувватов, пешниҳоди асомии номзадҳо ба шакли дигар сурат гирифт ва пас аз номи раиси Ҳизби сотсиал-демократ Раҳматулло Зойиров, исми Султон Қувватов ҷой дода шуд. Аммо оқои Зоиров гуфт, ҳизби онҳо аз ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ умеди зиёд надорад ва онҳо кӯшиш мекунанд, аз роҳи ҳавзаҳои инфиродӣ ба парлумон роҳ ёбанд: "Агар интихоботи парлумонӣ 50 фоиз шафоф сурат бигирад, мо аз ҳавзаҳои якмандатӣ 3 ва ё 4 ҷой гирифта метавонем."
Ҳизби сотсиал-демократ дар миёни ҳизбҳои дигар ягона нерӯи сиёсиест, ки дар феҳрасти номзадҳои худ афроди ғайриҳизбиро шомил кардаааст. Ҳамчунин дар руйхати ҳизби мазкур номи чанд тан аз аъзои он ба монанди Шокирҷон Ҳакимов, Ҳурринисо Ғаффорзода, Оразшо Пояндашоев ҳаст.
Мирзонабии Холиқзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG