Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии коммунистҳо ба интихоботи Тоҷикистон


Шодӣ Шабдолов - раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон баъд аз хотимаи анҷумани ин ҳизб гуфт, вакилони анҷуман феҳрасти номзадҳои ҳизбро барои ширкат дар интихоботи Маҷлиси Намояндагон ва барномаи интихоботии Ҳизби коммунист дар мавриди аз бӯҳрони иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ раҳонидани кишварро тасдиқ карданд. Ба гуфтаи ӯ, дар интихоботи парлумони Тоҷикистон аз Ҳизби коммунист даҳ нафар аз феҳрасти ҳизбӣ бо шумули раиси ҳизб довталабӣ хоҳанд кард.
Вай гуфт: "Мо душвории кадр ёфтан, шахсият ёфтан, ки сазовор бошад, надорем, ин барои мо проблема нест, имконияти молии мо маҳдуд аст. Мо ҳизби коргару деҳқону муаллимон умуман халқи заҳматкаш ҳастем, аммо инҳо он қадар сармояи зиёд надоранд."
Оқои Шабдолов ҳамчунин афзуд, бо иллати мушкили молиявӣ ҳизб имкон надорад, шумораи бештари номзадҳояшро барои ширкат дар интихобот пешбарӣ намояд. Ӯ афзуд, ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон бӯҳрони амиқ печидааст ва дар ин замина Ҳизби коммунист дар барномаи интихоботии худ василаи раҳоии кишвар аз ин бӯҳронро мушаххас кардааст. Оқои Шабдолов ба ин бовар аст, ки Ҳизби коммунист ба амалӣ гардонидани барномаҳои худ Тоҷикистонро аз ҳама гуна бӯҳрон раҳо хоҳад кард: "Барои ба пуррагӣ аз ин бӯҳрон баромадан, роҳ фақат ислоҳот ба таври ҷомеаи сотсиалистӣ аст."
Анҷумани Ҳизби коммунисти Тоҷикистон паси дарҳои баста ва бе ширкати намояндагони васоити ахбори омма доир гашт. Ҳамчунин ба гуфтаи раиси ин ҳизб, то муддати аз сӯи Комиссияи марказии интихоботии Тоҷикистон тасдиқ шудани номзадҳои ҳизб барои ширкат дар интихоботи парлумонӣ аз муаррифии феҳрасти номзадҳо худдорӣ хоҳанд кард.
Барот Юсуфӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG