Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муаррифии номзадҳои нави ҲХДТ ба парлумон


Анҷумани Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе пушти дарҳои баста баргузор гардид ва дар ин анҷуман президент Эмомалӣ Раҳмонов дубора ба унвони раиси ин ҳизб интихоб ва феҳристи номзадҳои он барои ширкат дар интихоботи Маҷлиси Намояндагон тасдиқ шуд.
Феҳрасти иборат аз исми 22 нафар довталаб аз тариқи ҳавзаи ягонаи саросарӣ аз ҷониби анҷуман ба Комиссияи марказии интихоботӣ муаррифӣ шудааст.
Мӯсо Асозода - раиси дастгоҳи иҷрояи ҲХДТ гуфт, онҳо аз ҷумла дар феҳрасти худ 7 нафар занро шомил кардаанд ва дигар ин ки дар ҷойи аввали феҳраст номи муовини аввали раиси парлумони Тоҷикистон Абдулмаҷид Достиев қарор дорад, сипас Сафаралӣ Раҷабов вазири феълии маориф.
Ба гуфтаи Мӯсо Асозода, ҲХДТ аз шумори вакилони феълии парлумон танҳо як нафар - Абдумаҷид Достиевро дубора ба рӯйхати ҳизбӣ ворид кардааст ва дигар номзадҳо афроде мебошанд, ки ба қавли Асозода, "онҳоро дар ҷумҳурӣ кам мешиносанд."
Ба гуфтаи оқои Асозода, ҳамчунин як муовини аввал ва ду муовини Раиси ҲХДТ низ интихоб шудааст. Давлаталӣ Давлатов аз ҷумла дубора ба унвони муовини аввали раиси ин ҳизб интихоб гардидааст. Анҷумани ҳизб инчунин барномаи интихоботии ҲХДТ-ро низ тасдиқ кардааст. ҲХДТ дар интихоботи гузаштаи маҷлис дар соли 2000-ум аксарияти кулли курсиҳои Маҷлиси Намояндагонро соҳиб шуда буд. Аз ҷумла, ин ҳизб аз тариқи ҳавзаи ягонаи саросарӣ, ё ҳизбӣ дар интихоботи гузашта 15 вакилро вориди парлумон карда буд. Дар ҳоле, ки Ҳизби коммунист 5 нафар ва Ҳизби наҳзати исломӣ танҳо 2 нафарро аз тариқи ҳавзаи ҳизбӣ тавонистанд вориди маҷлис кунанд.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG