Пайвандҳои дастрасӣ

Варзишгарони тоҷик дар Ҳиндустону Узбакистон


Рӯзи шанбе дар толори мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон дар навъи гуштии дзюдо оғоз шуд. Носир Бозоров, раҳбари дастаи мунтахаби дзюдои Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин мусобиқот ҳудуди 200 гуштигир аз манотиқи мухталифи ин кишвар ширкат доранд, ки миёни онҳо паҳлавонони маъруфи тоҷик, қаҳрамонҳои Бозиҳои панҷуми Осиёи Марказӣ Парвиз Собиров, Рауф Ҳукуматов, Шералӣ Бозоров, Расул ва Рустам Боқиевҳо ҳастанд.
Ва дигар ин ки дар шаҳри Тошканд мусобиқоти байналмилалӣ дар навъи ҷанги тан ба тан идома дорад, ки дар он дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайъати Шодӣ Баҳромов, Наврӯзбек Назаров, Баҳриддин Бердиев, Зафар Шоймуродов, Рустам Аҳмадов ва Нуриддин Раҳмонов ширкат меварзад. Ва тибқи иттилои Ӯлмас Олимов, раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон, рӯзи якшанбе дар Ҳиндустон мусобиқоти байналмилалӣ дар намуди дави марафонӣ бо ширкати зӯртарин варзишгарони ҷаҳон доир хоҳад шуд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқот Баҳодур Боймуродови 23-сола намояндагӣ хоҳад кард. Вай соли 2003-юм дар мусобиқоти байналмилалии дави марафонӣ дар Алматии Қазоқистон масофаи 42 километру 195 метрро дар зарфи 2 соату 33 дақиқа тай намуда, ҷойи севвумро ишғол карда буд.
Нарзуллоҳи Латиф, Душанбе
XS
SM
MD
LG