Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӣ гунаҳкор: насли ҷавон ва ё насли куҳан?


Ҳумойуни Шаҳриёр аз шаҳри Душанбе Насли ҷавон ва насли кӯҳан. Ҳурмату эҳтиром ва ё низоъву ихтилоф? Кӣ гунаҳгор? Арзишҳои замонавӣ ва ё афкори кӯҳнашуда?

Калонсолон ҷавононро ҳамеша ба гапногирӣ ва костани ахлоқи онҳо айбдор мекунанд, ҷавонон мегӯянд, калонсолон аз ҳад кӯҳнапарастӣ мекунанд. Таассуфи чӣ мардуми оддиву чӣ рӯҳониён ва чӣ рӯҳшиносон аз ихтилофи ин ду насл ва аз арзишҳову афкору андешаву ақоиди мухталифи онҳо аст. Равоншинос Маҳмадулло Давлатов мегӯяд, аксари мардуми кӯҳансол мехоҳад, ҷавонон мувофиқ ба хоҳишу иродаи онҳо рафтор бикунанд ва маҳз ин хоҳиши таҳмили ақоид ва набуди тавони дарки худшиносии ҷавонон ангезаи низоъ дар байни онҳо шудааст:

«Ҷавони дар ҳамин рӯҳияи замони имрӯза тарбияёбанда ва бо назардошти хусусиятҳои навташкиле, ки бо таъсири ҳамин муҳити иҷтимоӣ ба амал меояд, хоҳ-нохоҳ бо андешаи кӯҳансолон то андозае ихтилоф пайдо мешавад.»

Равоншинос Давлатов мегӯяд, хоҳиши таҳмили ақоиди насли бузургсол, ки асосан аз арзишҳои мазҳабӣ маншаъ мегиранд, ҷавононро ба он водор мекунад, ки бар хилофи хоҳиши худ ва танҳо ба хотири хушнуд намудани волидайн рафтор кунанд. Як ҷавондухтар мегӯяд:

«Падару модарҳо одатан фикри фарзандонашонро ба инобат намегиранд, мехоҳанд, ки фарзандон аз рӯи хоҳиши онҳо рафтор кунанд, вале ин хато аст.»

Ин марди калонсол мухолифи ин назар аст:

«Ҷавонони мо бояд аз калонсолон ибрат гиранд, ба гуфтаи онҳо кор кунанд, зеро таҷрибаи онҳо зиёд аст.»

Равоншиносон мегӯянд, ин шева ба равони насли ҷавон бетаъсир намемонад. Ба гуфти равоншинос Маҳмадулло Давлатов, мушкилоти равонӣ ва набуди имкони рафтору гуфтор дар асоси фикру ақоиди худ, дар аксар ҳолат ибтикору ҳунарро дар замири ҷавонон аз байн мебарад ва ба ин тартиб ҷомеъаро аз як фарди умедбахш маҳрум мекунад. Ин тамоюл дар ҷомеъае ҷараён дорад, ки ағлаби куллашро мусалмонон ташкил медиҳанд. Ин дар ҳоле, ки дини Ислом низ пайравони худро ба омӯзиши пайвастаи илму фанновариҳои муосир ва хидмат ба рушди ҷомеа даъват мекунад, мегӯяд Саидмукаррам Абдуқодиров - ноибраиси донишгоҳи исломии Тоҷикистон:

«Аз нуқтаи назари дини мубини Ислом ҷавонон муваззафанд барои рушду нумӯъи ҷомеа талош варзанд. Барои саҳми худро дар беҳбудии ҷомеа гузоштан, илм омӯхтан даркор аст. Пайғамбари мусалмонон (с) мегӯяд, «Talabu-l- -ilmi farizatun -ala kulli muslimin va muslimatin»

Яъне, талош баҳри дарёфт ва омӯзиши илм ва касб барои ҳар инсон ҳатмӣ аст. Ҳикмате аст, ки Утлуб-ил-ъилма ва лав биссини, Дар пайи ҷустуҷӯи илм бош, агарчӣ он илм дар Чин бошад. Бархи бештари насли бузургсол ба ин мавзӯъ бархӯрди дигар дорад. Ба назари онҳо манзур омузиши танҳо таълимоти динӣ ҳаст . Саидмукаррам Абдуқодиров - ноибраиси донишгоҳи исломии Тоҷикистон инро рад карда мегӯяд, дар баробари огаҳӣ аз улуми динӣ мардум бояд ба омӯзиши касбе машғул бошанд ва ҳамеша дар пайи тақвияти дониш ва он касби ихтиёрнамудаи худ бошанд.
Масъалаи интихоби касб дар феҳрасти масоиле, ки ҷавонон ва калонсолон дар он ихтилофи назар доштаанд танҳо як нукта аст. Издивоҷ, таҳсили духтарон, риояи урфу оини мардумӣ ин рӯйхатро такмил мекунанд. Ин духтар пас аз хатми мактаб мехоҳад таҳсилашро идома бидиҳад:
«Волидонам мехоҳанд, ки маро ба шавҳар диҳанд, вале ман аввал хондан ва ягон касбе омӯхтан мехоҳам.»

Як падари дигар мегӯяд, беҳтар аст барои духтар, ки аз паси зиндагии шахсии худ бошад. Ин мард хавф дорад, ки тӯли таҳсил ва бешавҳарии муддати мадид барои ахлоқу одоби духтар хатаре пайдо бишавад:
«Оила аввалиндараҷа аст, одам бояд оиларо аз карйера боло бидонад.»

Равоншиносон мегӯянд, носозгорӣ дар байни наслҳо то андозае садди рушди ҷомеа мегардад ва танҳо он ҷомеъа метавонад аз ин падидаи нохуб ҷилавгирӣ кунад, ки агар ҳамзистӣ ва таҳаммули инсонҳо дар он реша дар об дошта бошад.
XS
SM
MD
LG