Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори генерали амрикоӣ бо низомиёни тоҷик


Стивен Виткомб - як фармондеҳи нерӯҳои артиши Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба хотири густариши ҳамкориҳои ниҳодҳои низомии Амрикову Тоҷикистон рӯзи ҷумъа вориди Душанбе пойтахти Тоҷикистон шуд. Алмос Сайфуддинов, сухангӯи сафорати Амрико дар Тоҷикистон гуфт, генерал Стивен Виткомб зимни сафараш бо намояндагони вазорати дифоъ, горди миллӣ, кумитаи ҳифзи сарҳадоти Тоҷикистон ва вазорати ҳолатҳои изтирорӣ дидору гуфтӯгу анҷом дод ва дар ин вохӯриҳо масоили ҳамкориҳои минбаъда миёни ниҳодҳои низомии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тибқи иттилои сафорати Амрико дар Тоҷикистон генерал Виткомб ҳангоми мулоқот бо мақомоти Кумитаи давлатии ҳифзи сарҳадоти Тоҷикистон ба масъалаи амнияти сарҳадоти Тоҷикистону Афғонистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудааст.
Дар ҳамин ҳол Заробиддин Сироҷов, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон хабар дод, 17 декабр дар вазорати дифоъ машқҳои таълимии низомӣ барои сарбозон шурӯъ шудааст ва машқҳои мазкур то 23 декабри соли равон идома хоҳанд ёфт. Ба гуфтаи оқои Сироҷов яке аз шартҳои асосии машқҳои мазкур ба сарбозон омӯхтани истифодаи зиреҳпӯш, тонк ва силоҳи вазнин мебошад.
Ба гуфтаи Заробиддин Сироҷов, бо кӯмаки кишварҳои донори Тоҷикистон ҳудуди 200 нафар афсарони тоҷик дар кишварҳои хориҷа таҷрибаи ҳарбӣ омӯхтаанд ва ин мутахасисон сарбозон ва афсарони артиши Тоҷикистонро таълим медиҳанд.
Сафаргул Олимӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG