Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Александр Федотов: Бо рафтани мо дар марзи Афғонистон тағйире ба амал нахоҳад омад


Хурӯҷи марзбонони Русия аз сарҳади байни Тоҷикистон ва Афғонистон ба афзойиши қочоқи маводи мухаддир аз тариқи ин сарҳад сабаб нахоҳад шуд, гуфт, ноиби мудири Хадамоти федероли Русия дар назорат ба маводи мухаддир рӯзи чоршанбе.
Александр Федотов ба вакилони порлумони Русия гуфт, вазъият дар ин минтақа ҷиддист ва бояд дид, дар оянда дар марзи Тоҷикистону Афғонистон чӣ ҳолат ба амал хоҳад омад. Вале вай изҳори итминон кард, мавҷи маводи мухаддир аз Афғонистон дар ҳамин сатҳ боқӣ хоҳад монд ва ҳатто бо кӯмаки мушовирони марзбонии Русия коҳиш хоҳад ёфт.
Бархе аз мансабдорони маскавӣ ва намоишҳои паиҳами телевизионҳои Русия, аз ҷумла шабакаи давлатӣ, шубҳаҳоеро ба миён гузоштаанд, ки бо рафтани марзбонони Русия аз сарҳади миёни Тоҷикистон ва Афғонистон, дар ин ҷо ҳарҷу марҷ ба амал омада, қочоқи маводи мухаддир бе монеъа хоҳад шуд. Вазорат корҳои хориҷии Тоҷикистон дар робита ба як намоиши телевизиони давлатии Русия эътироз баён карда буд.
XS
SM
MD
LG