Пайвандҳои дастрасӣ

Кӯмаки нави Амрико ба Тоҷикистон


Ҳукумати Амрико дар чаҳорчӯби як барнома ба ниҳодҳои гумрук ва марзбонии Тоҷикистон ба маблағи ҳудуди як миллион доллар кӯмаки фаннӣ ироа кардааст.
Ричард Ҳоугленд, сафири Амрико дар Тоҷикистон дар маросими супоридани ин кӯмакҳо гуфт, ҳадафи ин барнома кӯмак ба кишварҳо дар амри дарёфти таҷҳизоти фаннӣ ҷиҳати ҳифозат ва назорати марз, махсусан ба манзури ҷилавгирӣ аз қочоқи силоҳи қатли ом ва василаи интиқоли он ва ҳамчунин анвоъи фаъолиятҳои дигари террористӣ мебошад.
Сафири Амрико дар Тоҷикистон афзуд, ки кӯмаки кишвараш ҳеҷ гоҳ ба масъалаи ихроҷи нирӯҳои сарҳадбони Русия аз марзи Тоҷикистону Афғонистон иртиботе надорад. Вале вай ҳамзамон гуфт, нирӯҳои русиро аз марзи Тоҷикистон ихроҷшуда арзёбӣ кардан барвақт аст, зеро асокири сарҳадбони Русия ҳоло дар ин марз боқӣ мондаанд ва раванди таҳвили комили масъулияти ҳифозат ва назорати марз аз марзбонони Русия ба Тоҷикистон соли дигар низ идома хоҳад кард. Аз сӯи дигар, афзуд оқои Ҳоугленд, бар асоси тавофуқоти ҳосилшуда, миёни Тоҷикистону Русия як идда аз афсарони Русия ба ҳайси мушовир дар Тоҷикистон хоҳанд монд.
Дар ҳамин ҳол, Нуралишоҳ Назаров, фармондеҳи ситоди кулли нирӯҳои марзбони Тоҷикистон гуфт, ба ҳангоми таҳвили ҳифозати сарҳад марзбонони Русия, бар асоси созишнома, силоҳ ва лавозимоти худро боқӣ гузоштанд:
«Таҷҳизоте, ки буд, ба мо монд. Масалан, ба маблағи бештар аз 232 миллион рубли русӣ, аммо афсӯс, ҳамон техникаву транспорте, ки гирифтем, камтар фарсуда ҳастанд ва барои онҳоро ба кор даровардан қисмҳои эҳтиётии бениҳоят зиёде ва сӯзишворӣ лозим мешавад. Барои ҳамин ҳоло мушкилот ҳаст.»
Нуралишоҳ Назаров афзуд, ҳукумати Амрико тайи ду соли ахир ба марзбонони тоҷик наздик ба чаҳор миллион доллар кӯмак кардааст ва ин ёрӣ ҷиҳати таҳкими муроқибати марз ва ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир мусоидат хоҳад кард.
Тибқи иттиллоъи сафорати Амрико дар Тоҷикистон, ин кишвар то ҳоли ҳозир таҷҳизоти мухобиравӣ, дурбин, ҳудуди 7 ҳазор сарулибоси низомӣ, 40 машинаи навъи КАМАЗ, 50 мошини УАЗ ва 20 мошини "Нива" ба нирӯҳои сарҳадбони тоҷик кӯмак кардааст.
Ричард Ҳоугленд сафири Амрико дар Тоҷикистон гуфт, Саидамир Зуҳуров муовини сарвазири Тоҷикистон дар авоили соли равон аз ӯ ва дигар роҳбарони намояндагиҳои хориҷӣ тақозо карда буд, дар пайи ихроҷи нирӯҳои марзбони рус ва дар давраи интиқоли масъулияти муроқибати марз аз сарҳадбонони Русия ба ҳамтоёни тоҷик ба давлати Тоҷикистон кӯмак карда шавад. Ба гуфтаи сафири Амрико, дар ҳоли ҳозир, ҳукумати ӯ ва Иттиҳоди Аврупо як тарҳи наверо ҷиҳати кӯмак ба марзбонони тоҷик омода кардааст, ки он аз оғози соли оянда ба марҳалаи иҷро хохад расид.
Абдуқайюми Қайюмзод, Радиои Озодӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG