Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҲДТ дар фикри бойкоти интихобот шудааст


Созмонҳои шаҳрӣ ва ноҳиявии Ҳизби Демократи Тоҷикистон ба садорати ин ҳизб муроҷиат намудаанд, ки масъалаи бойкоти интихоботи қарибулвуқӯъи Маҷлиси Намояндагон дар анҷумани ҳизб баррасӣ шавад.
Бахшҳои ин ҳизб бо дарназардошти ин ки раиси ҳизб Муҳаммадрӯзӣ Искандаров дар заминаи сиёсӣ ва бо тақозои ҳукумати Тоҷикистон дар Русия боздошт шудааст, мехоҳанд ба нишони эътироз интихоботро бойкот кунанд.
Раҳбари дастгоҳи Ҳизби Демократи Тоҷикистон Раҳматулло Валиев гуфт, анҷумани ҳизб дар охири ҳафтаи равон баргузор хоҳад шуд ва яке аз масъалаҳое, ки дар барномаи анҷуман дида мешавад, ҳамин мавзӯъ аст: "Бале, аз ҷониби вакилони ҳизб ба анҷуман пешниҳод шудааст, ки масъалаи бойкоти интихобот дар анҷуман баррасӣ шавад. Албатта, ин эътироз ба масъалаи боздошти раиси ҳизб Муҳаммадрузӣ Искандаров аст, на ба маънои ин ки қонуни интихобот ҷавобгӯи меъёрҳо нест. Ҳизби Демократ ба интихоботи қарибулвуқӯъ омода ҳаст ва ҳатман Ҳизби Демократ масъалаи бойкотро ҳам баррасӣ мекунад."
Ин дар ҳолест, ки 13 декабр президент Раҳмонов бо судури як фармон рузи баргузории интихоботи Маҷлиси Намояндагонро 27 феврал таъйин намуд.
Оқои Валиев афзуд, дар анҷуман яке аз масоили ҷиддии дигар интихоби сарвари ҳизб мебошад, зеро давраи раёсати раиси кунунии ҳизб Муҳаммадрузӣ Искандаров анҷом меёбад.
Вай мегӯяд, аз ҳоло намояндагони бахшҳои вилоятию шаҳрии ҳизб ва ҳамчунин аъзои садорати он тасмим гирифтаанд Муҳаммадрузӣ Искандаровро дубора раиси ҳизб интихоб кунанд.
Ба назари Раҳматулло Валиев, агар нафаре ғайри Муҳаммадрузӣ Искандаров раиси ҳизб интихоб шавад, ин маънои онро хоҳад дошт, ки ҳизб боздошти Искандаров ва айбномаеро, ки додситонии кулл алайҳи вайн эълон доштааст, эътироф мекунад. Аз ин ру, афзуд вай, демократҳо интихоби дигар надоранд.
Дар ҳамин ҳол, қароргоҳи Ҳизби Демократ дар шаҳри Душанбе иттилоъ дод, ки анҷумани ҳизб 18 декабр баргузор хоҳад шуд.
Мирзонабии Холиқзод, Радиои Озодӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG