Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Алма-Атову Остона ва Бишкек марокизи шиносномадиҳӣ боз мекунанд


Ба гуфтаи Акбаршоҳ Искандаров -сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон чун дар нуқоти гуногуни Русия рузҳои наздик дар шаҳрҳои Алма-Ато ва Остона, ҳамчунин дар пойтахти Қирғизистон шаҳри Бишкек барои муҳоҷирони тоҷик нуқтаҳои шиносномадиҳӣ боз мешаванд.
Оқои Искандаров дар ин робита гуфт: "Қариб дар ҳама давлатҳое, ки шаҳрвандони мо дар он ҷо зиндагӣ мекунанд, пунктҳои махсус кушода шудааст. Мутаххассисони вазорати корхои хориҷии ҶумҳурииТоҷикистон ба он ҷо сафарбар карда мешаванд ва дар он ҷоҳо шаҳрвандони мо аз шиноснома таъмин карда мешаванд. Ғайр аз он сафоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ супориш гирифтанд ва мо дар шаҳрҳои Алма-Ато ва Остона низ барои ба қайд гирифтану тайёр кардани ҳуҷҷатхо шуруъ кардем. Анкетаи муайян тартиб додаем .Ба кадом шаҳрванде, ки муроҷиъат мекунад, мо ҳуҷҷатхояшро дуруст мекунем ва ба Душанбе, ба вазорати умури хориҷӣ мефиристем ва аз он ҷо шиносномаашро дуруст карда мефиристанд ва мо медиҳем ба он кас. Аллакай чанд нафаре, ки ба мо муроҷиъат карданд, зиёда аз сад нафар, онҳоро аллакай мо бо шиносномаҳо таъмин кардем."
Оқои Искандаров дар робита ба шиносномаҳои нуқсондор, ки аз ҷониби корхонаи банкноти Қазоқистон тайёр карда шуда буду дар Тоҷикистон боиси нигаронии мардум гардид, гуфт, ки ин масъала ҳалли худро пайдо кардааст: "Мо ба ин фабрика рафта суҳбат кардем , намояндагони ин фабрикаро ба Душанбе даъват карданд. Дар он ҷо ҳамаи ин айбро ба зиммаи худашон гирифтанд ва аллакай 8000 ҳамин хел шиносномаҳоро мо бояд бифиристем ба ин ҷо ва ба ивази ин онҳо шиносномаҳои нав тайёр карда медиҳанд."
Фиристодаи Тоҷикистон иброз дошт, ки алъон дар Қазоқистон анқариб 15 000 шаҳрванди Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд ва онҳо бояд барои то 1 январи соли 2005 соҳиби шиносномаҳои хориҷӣ шудан кӯшиш намоян, зеро шуруъ аз соли нав шиносномаи дохилии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар эътибори хешро гум мекунад.
Вале пурсиши тоҷикон дар бозори Тастаки Алма-Ато нишон дод, ки ағлаби муҳоҷирон дар бораи ивази шиносномаҳои нав иттилоъе надоранд. Бархи дигар бошанд бар онанд, ки ҳукумати Тоҷикистон ба ивази шиносномаҳои нав дер шуруъ кардааст. Алъон то соли нав - охирин муҳлати эътибори шиносномаҳои дохилии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар - ҳамагӣ ду ҳафтаи дигар мондааст. Чун то ҳол нуқтаҳои вижаи шиносномадиҳӣ дар Қазоқистон боз нашудаанд, баъид ба назар мерасад, ки дар ин муддати кутоҳ шаҳрвандони тоҷики муқими ин кишвар ҳама соҳиби шиносномаҳои хориҷӣ шуда тавонанд. Ин бошад барои муҳоҷирони тоҷик боз мушкилоти зиёдеро пеш оварда, ба эҳтимоли ғолиб, онҳоро ба тӯъмаи боз ҳам осонтари мақомоти милисаи қазоқ табдил хоҳад дод, мегӯянд мусоҳибони ман аз байни муҳоҷирони тоҷики муқими Қазоқистон.
Насибҷони Амонӣ, Радиои Озодӣ, Алма-Ато
XS
SM
MD
LG