Пайвандҳои дастрасӣ

П. Ванглӣ:"Пахтакор бояд мувозеҳи худ бошад!"


Дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмонов, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо Питер Ванглӣ, роҳбари ҳайъати Сандуқи Байналмилалии Пул (СБП) дурнамои ҳамкориҳои ду ҷониб баррасӣ шудааст.
Иҷрои барномаи коҳиши сатҳи фақр дар Тоҷикистон, роҳҳои ҷалби маблагузорӣ ба манзури иҷрои ин барнома ва масоили вобаста иҷрои буҷаи соли равон ва тарҳи буҷаи давлатии Тоҷикистон дар соли оянда низ аз масоили мавриди гуфтугуи ду ҷониб будааст. Раванди барномаи ислоҳоти иқтисодӣ ва сохторӣ, масоили пардохтҳо ва молиёт ва таъмини барномаҳои пешбинишуда дар масъалаи молиёт, аз ҷумла дар шароити коҳиши қиммати пахта дар бозорҳои ҷаҳонӣ низ аз ҷузъиёти ин мулоқот будааст.
Питер Ванглӣ баъди мулоқоташ бо раисиҷумҳури Тоҷикистон ба хабарнигорон гуфт: "Мо ҳамчунин дар масъалаи идомаи ислоҳот ва таҳкими низоми бонкӣ ва роҳҳои коҳиши мавонеъ аз роҳи фаъолияти бонкҳои хориҷӣ суҳбат кардем."
Оқои Ванглӣ афзуд, дар ин мулоқот дар мавриди зарурияти мутобиқсозии соҳаи пахтакорӣ ба шароити феълӣ, аз ҷумла бо назардошти коҳиши қимати пахта гуфтугу шудааст. Ба гуфтаи оқои Ванглӣ, ҷустуҷуи роҳҳои ҳалли масъалаи қарзи воҳидҳои кишоварзӣ ба сурати мустақил, яъне бидуни кафолати давлат бо ниҳодҳои кумаккунанда ҷузъи ин маслала будааст: "Ҳамзамон идома бахшидани ислоҳоти соҳаи пахтакорӣ муҳим аст. Мо дар мавриди муҳимияти коҳиши мудохилаи давлат ба соҳаи пахтакорӣ низ суҳбати тулоние доштем."
Ба назари Питер Ванглӣ, дар шароити афзоиши қиммати маводи сӯхт ва коҳиши нархи пахта бояд кишоварзон мустақилона имкони танзими тавлидоти худро дошта бошанд.
Аз намояндаи Сандуқи Байналмилалии Пул пурсида шуд, ки оё Тоҷикистон метавонад интизори қарзи навбатиро дошта бошад? У гуфт, масъалаи додани эътибори пулӣ ба Тоҷикистон дар ҷараёни мулоқотҳои оянда баррасӣ хоҳад шуд.
Раҳматкарими Давлат, Радиои Озодӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG