Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кикбоксёрҳои тоҷику узбак бо ҳам рақобат хоҳанд кард


Дастаи мунтахаби кикбоксинги Узбакистон барои ширкат дар мусобиқоти дӯстона бо варзишгарони тоҷик рӯзи 13 декабр ба шаҳри Душанбе омад. Камол Саидмуродов, раиси Федератсияи кикбоксинги Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, нахустин мусобиқот миёни дастаҳои ин ду кишвари ҳамҷавор рӯзи сешанбе дар толори Сирки давлатӣ бо кумак ва мусоидати ҳукумати ноҳияи Шоҳмансур баргузор мешавад.
Вай афзуд, ин навъи варзиш ба номи ду варзишгару ҳунарманди машҳури синамо - Брюс Ли ва Чак Норрис марбут буда, феълан беш аз 100 миллион нафар дар беш аз 90 кишвари ҷаҳон ба кикбоксинг, ки маънояш ба тоҷикӣ зарба бо пой аст, шуғл меварзанд.
Федератсияи кикбоксинги Тоҷикистон даҳ сол инҷониб фаъолият дорад ва дар манотиқи мухталифи ин кишвар дар айни ҳол наздики 3 000 нафар ба ин навъи варзиш машғуланд.
Ба гуфтаи раҳбари Федератсияи мазкур, варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти байналмилалӣ аз соли 1995 ширкат меварзанд. Нахустин мусобиқоти байналмилалӣ дар шаҳри Подолски Русия барои намояндагони Тоҷикистон бобарор анҷом ёфт.Онҳо соҳиби ҷом ва медалҳои нуқраю биринҷӣ гаштанд. Баъдан варзишгарони тоҷик ду бор дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон( солҳои 1995 -1996) рақобат карда, натиҷаҳои хуб ба даст оварданд. Моҳи августи соли ҷорӣ варзишгарони мо дар мусобиқоти байналмилалӣ дар Бишкек соҳиби ду медали биринҷӣ гаштанд.
Дар мусобиқоти дӯстона бо варзишгарони Узбакистон аз ҳар ду даста шашнафарӣ дар шаш вазн рақобат хоҳанд кард.
Назруллоҳи Латиф, Радиои Озодӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG