Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро духтарон ба мактаб кам мераванд?


Бино ба натоиҷи як таҳқиқоти анҷомдодаи UNISEF, дар навоҳии шарқи Тоҷикистон ҳамагӣ 20 дар сади духтарон ба таҳсил фаро гирифта шуда, 25 дар сади писарон низ аз мактаб дур монданд.
Созмони UNISEF дар муддати омузиши якмоҳа ба ин натиҷа расидааст, ки дар аксари ноҳияҳои дурдасти Тоҷикистон мушкилоти аз мактаб дур мондани духтарон ба таври пешин боқӣ мондааст.
Нилуфар Пурзанд, ҳамоҳангсози барномаи UNISEF оид ба таҳсили духтарон дар Тоҷикистон мегӯяд, яке аз сабабҳои ба миён омадани чунин мушкилот ба сатҳи фарҳанги мардуми ин кишвар бастагӣ дорад. Ба назари ӯ, дар аксари оилаҳои мардуми куҳистон ва ҳатто дар шаҳрҳо низ ҳангоми тақсимоти буҷаи хонавода,агар оилаи сарватманд ҳам бошад, таҳсили духтаронро ба инобат намегиранд, аммо барои таҳсил ва касбомузии писарон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.Хонум Пурзанд мегӯяд: " Мо медонем, ки дар гузашта дар Тоҷикистон оид ба таҳсили духтарон ва баробарии духтарону писарон дар оила таваҷҷуҳ мекарданд, мо мехоҳем инро ҳифз кунем. Албатта, инҷо мушкилоти фақр ҳам ҳаст,аммо падару модароне ҳастанд, ки бо вуҷуди камбизоатиашон духтаронашонро мехононанд."
Диловар Мирзоев, мудири маорифи ноҳияи Рашт мегӯяд, бо вуҷуди корҳои зиёди тарғиботӣ бурдани шуъбаи маорифи ноҳия, ҳануз падару модарон ба таҳсили духтарон кам бартарӣ медиҳанд ва дар аксар маврид падару модарон духтаронашонро дар сини 15 - 16 ва ҳатто дар 14 -солагӣ ба шавҳар медиҳанд: "Воқеан ҳам, ин мушкилот моро ба ташвиш овардааст. Ба идомаи таҳсил ҷалб кардани духтарон дар мактабҳои 11- сола кори басо сангин аст дар ноҳияи мо ва ин ба сатҳи фарҳанги мардум бастагӣ дорад."
Аммо Рафоат Шарифова, мудири маорифи ноҳияи Данғара мегӯяд, сабаби аз мактаб дур мондани духтарон дар ноҳияи Данғара аз як ҷониб набудани мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва муаллимон бошад, аз ҷониби дигар як қарори вазорати маориф аз соли 2000 мебошад, ки тибқи он пас аз синфи 9 идомаи таҳсил ихтиёрӣ дониста шудааст. Ба гуфтаи хонум Шарифова, ин қарор баҳонаи хубе шуд барои бархе аз падару модароне, ки ба хондани духтаронашон бартарӣ намедоданд.
Ба гуфтаи Рафоат Шарифова, сабаби дигари аз мактаб дур мондани духтарон камбизоатӣ ё дар сатҳи поин қарор доштани иқтисодиёти хонаводаҳои мардуми куҳистон мебошад. Вай мегӯяд, бо вуҷуди он ки аз ҷониби маорифи ноҳия кушиши зиёд ба харҷ дода мешавад, то духтарон бештар ба макотиби ллӣ дохил шаванд, аммо ба сабаби фақр ва камбизоатӣ онҳо наметавонанд таҳсилашонро дар макотиби олӣ идома диҳанд: "Ман як муроҷиат доштам, ки аз ҷониби ҳукумат ба ноҳияи мо танҳо 5 квота дода мешавад, ки хеле кам аст. Хуб мебуд, агар теъдоди он бештар мешуд."
Марҳабо ва Назокат, хонандагони яке аз мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон дар робита ба вазъи таҳсили духтарони ҳамсоли онҳо дар мактаб чунин ибрози назар намуданд: "Духтарҳои деҳаи мо ба мактаб нарафта, назди мулло рафта, танҳо сабақи динӣ мегиранд."
XS
SM
MD
LG