Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Чеҳраи Ҳафта: Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, ки дар Маскав боздошт шуд


"Ҳабс кардани Ғаффор Мирзоев ва умуман қумандонҳои дигари давраи ҷанги Тоҷикистон, фикр намекунам, кори хуб бошад. Дигар роҳҳо буд, имкони аз вазифа сабукдӯш кардан буд, ба кори осоишта гузаштан буд, хабардор кардан, тарбия кардан даркор буд. Вақте як инсон хидмат мекунад, бояд хидматҳояш қадр карда шаванд. Фикр мекунам, Ғаффор Мирзоевро хидматҳояш зиёд буд. Ояндаи Тоҷикистон чист, боз навбати кист, ман намедонам."
Ин суханони Муҳаммадрӯзӣ Искандаров буд, ки дар вокуниш ба боздошти Ғаффор Мирзоев, фармондеҳи собиқи Горди Раёсатҷумҳуурӣ дар чор моҳи қабл зимни як мусоҳибаи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ сӯҳбат мекард. Боздошти сарбозони собиқи мухолифин ва баъдтар ҳам боздошти фармондеҳони аршади ду ҷониби ҷанги Тоҷикистон аз суи мақомоти интизомӣ мояи нигаронӣ ва ошуфтагии фармондеҳони дигари ду ҷониб шуда буд. Фармондеҳони пешини ҷониби давлат дар изҳори нараз ва вокуниш ҷуръати зиёде надоштанд, вале фармондеҳони пешини мухолифин ҳатто ба боздошти рақибонашон, ки дар замоне дар муқобили ҳам меҷангиданд, низ эътироз мекарданд. Муҳаммадрӯзӣ Искандаров дар рузи боздошти Ғаффор Мирзоев, вақте ки ин бархурди ҳукумат бо фармодеҳони пешинро иштибоҳ номид ва мегуфт, ҳатман интизори иқдоми баъдии ҳукумат дар боздошти фармондеҳони дигар ҳаст, аз у пурсидам:
- Фикр намекунед, навбати шумо бошад?
"-Ман шукри Худованд то имрӯз ягон кас маро гуфта наметавонад, ки аққалан тарафи як инсон тир холӣ карда бошам, ё ҳукм карда бошам, ки кадом инсон кушта шавад. Ман аз ин корҳо орӣ ҳастам ва иншоолоҳ касе маро ба ин кор муттаҳам карда наметавонад. Хуб сари ягон вазифа нестем, ки дар кор мо ягон камбудӣ бошад. Худи ҷанги шаҳрвандӣ ва, тавре гуфтем, оқибати ҳар ҷанг сулҳ аст, ҳатман бояд якдигарбахшӣ мешуд. Зиёда аз чанд ҳазор кас кушта шуд, ҳар яки онҳо кушанда доранд, агар ҳамаи онҳоро бигирем, намедонам, дар Тоҷикистон кӣ бегуноҳ мемонад. Биёед пас, кушандаҳои 200 ҳазор мардуми Тоҷикистонро бикобему биёбем."

Генерал Искандаров Муҳаммадрӯзӣ 50 сол дорад, аз фармондеҳони нисбатан қудратманди мухолифини пешин, аз Созишномаи сулҳ дар ибтидо дифоъ кард ва тибқи саҳмияи сидарсадаи мухолифин вориди ҳукумат шуд. Дар мақоми раиси кумитаи умури изтирорӣ, раиси ширкати давлатии хадамоти шаҳрӣ ва раиси ширкати давлатии "Тоҷикгаз" фаъолият кардааст. У баъди озод шудани фаъолияти Ҳизби Демократи Тоҷикистон(ҲДТ) дар соли 1998 дар анҷумани ин ҳизб ба унвони раиси ҲДТ интихоб шудааст.
Ҳизби Демкрати Тоҷикистон яке аз аҳзоби мухолифи давлат буд, ки дар соли 1993 ба дунболи ба қудрат расидани ҷонибдорони Фронти Халқӣ фаъолияташ мамнуъ шуд ва дар солҳои ҷанг яке аз ташаккулҳои сиёсӣ дар дохили Иттиҳоди Нируҳои Оппозисиюни Тоҷик (ИНОТ) буд.
ҲДТ танҳо ҳизби сиёсие буд, ки бо вуҷуди саҳм доштани раиси он дар давлати Эмомалӣ Раҳмонов аз пешниҳоди ислоҳоти Қонуни Асосӣ дар тобистони 2003 пуштибонӣ накард ва раъйпурсӣ ба ин манзурро таҳрим эълон кард. Ва ба дунболи ин иқдом, баъди баргузории раъйпурсӣ Муҳаммадрӯзӣ Искандаров аз мақоми раёсати ширкати "Тоҷикгаз" барканор шуд ва ба пойгоҳи пешини мухолифони давлат дар шарқи Тоҷикистон рафа, аз он ҷо ҳукуматро дар зери по гузоштани қонуни афв нисбат ба мухолифони пешин муттаҳам кард. Аммо бо замонати раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонов Искандаров баъди муддате ба Душанбе бармегардад ва баъди мулоқоти ҳафтсоатае, ки бо Эмомалӣ Раҳмонов дошт, аз хатми таниши байни фармондеҳони пешин ва давлат хабар медиҳад.
Аммо акнун худи Искандаров мавриди боздошт қарор гирифта, ки ҳамчунон вокуниши маҳофили мухталифро ба бор овардааст. Эътилофи аҳзоби сиёсӣ барои интихоботи шафоф бо нашри як баёния боздошти Муҳаммадрӯзӣ Искандаровро талоше аз ҷониби додситонӣ ҷиҳати рахна ворид кардан ба эътилофи мазкур дар остонаи интихобот арзёбӣ кардааст.
Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби Сотсиал-Демокарти Тоҷикистон, яке аз ҳизбҳои дигари узви ин эътилоф мегуяд: "Ин ҷо як чизи аҷибаш ин аст, ки шаби 9 ба 10 декабр, Муҳаммадрӯзӣ Искандаровро дастгир мекунанд, яъне ҳмон вақте ки ҳукумати Тоҷикистон, додситонии кулл ва мақомоти дигар хабар доштанд, ки интихобот бояд алакай то чанд рузи дигар эълон мешуд ва аҳзоби сиёсӣ ҳам дар садади баргузории анҷуманҳои пешазинтихоботии худ буданд. Пас маълум мешавад, ки амалиёте, ки аз тарафи додситонии кулл ва ҳукумати Тоҷикистон шуда истодааст ва ҳам чизҳое, ки пештар буд, аз он далолат мекунанд, ки ҳукумати Тоҷикистон ҳозир дар амал ҳаракат карда истодааст, ки ин интихобот шаффофу озод нагузарад ва хусусан эътилофи аҳзоби сиёсӣ, ки дар Тоҷикистон 29 апрели соли ҷорӣ ташкил шуда буд, амал карда натавонад ва ин эътилофро ҳукумат мехоҳад пароканда кунад ва имкониятҳои ин коалитсияро маҳдуд сохта, интихоботро ба фоидаи худ ҳалл кунад."
Аммо Раҳматулло Валиев, дабири кулли ҲДТ ба ин назар аст, ки боздошти Искандаров иқдоме дар ҷињати аз сари роҳ дур кардани рақибони нируманди мухолифи давлат дар интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурист: "Боздошти раиси ҲДТ Муҳаммадрӯзӣ Искандаров боз як бори дигар нишон медиҳад, ки Эмомалӣ Раҳмонов тайёрӣ ба интихоботи соли 2006 дорад. Искандаровро дар Тоҷикистон ҳамчун як сиёсатмадор ва нафари бонуфуз мешинохтанд ва худаш ҳам чанд бор дар матбуоти даврӣ изҳор дошта буд, ки номзадиашро дар интихоботи соли 2006 ба мақоми президентӣ пениҳод хоҳад кард. Ва фикр мекунам, ин воқеаҳое, ки имруз нисбат ба раиси ҲДТ сурат мегиранд, яке аз сабабҳояш ин ҳам ҳаст." Вале додситони кулли Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов вуҷуди кадом заминаи сиёсиро дар парвандаи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров радд мекунад. Ӯ мегӯяд: "То рузи 26 август нисбати Муҳаммадрӯзӣ Искандаров парвандаи ҷиноӣ боз нашуда буд. Рузи 26 август вале дар фурудгоҳ ӯ ба ронандаи худ амр медиҳад, ки ба Тоҷикободу Ғарм биравад ва он ҷо амр кунад, ки бигузор ҷангро оғоз кунанд. Ҷангро оғоз кардан чӣ маъно дорад, ин рамзи гуфтугуи онҳост. Ва алакай соати 1 шаби 27 август бо истифода аз тамоми намуди силоҳ шуъбаи корҳои дохилӣ ва додситонии ноҳияи Тоҷикобод мавриди ҳамла қарор гирифт, ки дар натиҷа як корманди милиса маҷруҳ шуд. Террорро Муҳаммадрӯзӣ Искандаров созмон дода буд. Ӯ созмондиҳандаи амалиёти терористӣ дар Тоҷикобод аст. Кӣ ҷонибдори он аст, ки мо террористонро муҷозот накунем? Чаро мо ин қадар конфаронсҳо баргузор мекунем, роҳбарони давлат мулоқот мекунанд дар ин бора ва терроризмро маҳкум мекунем? Ана, терроризм. Раиси ҳизб! Сад дарсад исбот шудааст! Вақте, ки ӯ дар фурудгоҳ ба ронандаи худ барои рафтан ба маҳал 50 доллар медиҳад, аз Салам, фамилияаш чист, Муҳаббатов, аз ӯ пурсед, ӯ дидаааст инро."
Аммо акнун боз ҳам суоли матраҳ дар миёни афроди нигарон, хусусан миёни фармондеҳони ду ҷониб ҳамон суолест, ки худи Искандаров ба ҳангоми боздошти генерал Мирзоев баён карда буд: Акнун навбати кист?

Вобаста

XS
SM
MD
LG