Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Телефони Хуҷанд ҳам рақамӣ шуд


Қисмате аз шабакаи телефонии маркази устони Суғд шуруъ аз рузи 10 декабр тавассути стансияsои нави рақамӣ ба кор шуруъ кард ва идораи «Тоҷиктелеком» ваъда кардааст дар чанд рузи баъд тамоми нуқтаҳои телефони Хуҷандро ба стансияҳои рақамӣ пайваст хоҳанд кард. Ба гуфтаи Санавбар Мақсудова, сухангуи идораи «Тоҷиктелеком» дар шаҳри Хуҷанд, дар беш аз 40 соли ахир барои аввалин маротиба аст, ки марказҳои алоқаи телефонии Хуҷанд бо дастгоҳҳои нави ҳозиразамон иваз шудаанд ва ин сифати робитаи телефониро беҳбуд хоҳад бахшид.
Иброҳим Усмонов, ҷонишини вазири мухобироти Тоҷикистон гуфт, дар марҳалаи баъдӣ кабелҳои байни нуқтаҳои телефонии Хуҷанд низ иваз карда хоҳанд шуд : «Ин кори оянда мебошад. Дар сурати дарёфти маблағ мо мехостем ин корро бо қувваи худ анҷом диҳем. Аммо ҳоло қисми ками кабелҳоро, ки мустақиман муштариёнро ба ҳам мепайвандад, иваз кардаем».
Аммо ба иттилоъи идораи «Тоҷиктелеком» дар вилояти Суғд, бо таҷдиди хатти телефон нархи истифодаи он боло рафта, акнун сокинони Хуҷанд барои истифодаи нуқтаи телефон моҳона 90 дирам ва бар замми ин барои ҳар дақиқаи гуфтугу 1 дирамӣ пардохт хоҳанд кард.
Масъулини идораи «Тоҷиктелеком» мегуянд, навсозии хадамоти телефонии Хуҷанд ба тарзи замонавии рақамӣ ва ё диҷитол бар пояи 5,5 миллион доллар аз 13 миллион доллар воми дарозмуддати Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд барои таҷдиди низоми мухобиротии Тоҷикистон анҷом ёфтааст. Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, дар доираи қарзи мазкур таҷдиди шабакоти телефонӣ дар минтақаҳои Истаравшану Конибодом ва Панҷакенту Айнӣ то ду соли баъд дар назар аст.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Радиои Озодӣ, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG