Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситони кулл Искандаровро ба терроризм муттаҳам мекунад


Додситони кулли Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов рузи шанбе, 11 декабр зимни як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ки раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон Муҳаммадрӯзӣ Искандаров барои анҷоми амали террористӣ, ташкили суъиқасд ба ҷони ходими давлатӣ, ҳифзи ғайриқонунии силоҳу муҳимоти ҷангӣ, бо худ гардонидани муҳофизони ғайриқонунӣ ва сирқати маблағҳои бузурги давлатӣ, дар маҷмуъ дар нақзи 7 банди қонуни кайфарии кишвар муттаҳам мешавад.
Бобоҷон Бобохонов гуфт, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ба ҳайси раиси ширкати давлатии гази Тоҷикистон бори аввал дар таърихи 3 январи соли 2003 барои нигаҳдории ғайримуҷози силоҳ ва бо худ гардонидани муҳофизони ғайриқонунӣ боздошт шуда, бар зиддаш парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд, вале ин парванда дар пайи як мулоқоти оқои Искандаров бо раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонов бо мусоидати вай пасон баста шуд.
Аммо, афзуд оқои Бобохонов, мақомоти бозрасӣ зимни тафтиши нақшавии фаъолияти ширкати газ дар замони раҳбарии Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ошкор кард, ки ба хазинаи давлат аз ҳисоби фаъолиятҳои ин корхона ба маблағи 126 миллион сомонӣ, муодили беш аз 40 миллион доллар хисорот ворид шудааст.
Додситони кулл гуфт, Искандаров дар моҳи августи соли равон бори дигар барои бозпурсӣ даъват шуда буд, вале баъде ки ошкор шудани ҷиноёташро фаҳмид, аз Тоҷикистон фирор карда, дигар аз Маскав барнагашт. Бобоҷон Бобохонов гуфт, ба маҳзи ҳамин додситонӣ рузи 26 ноябр дастури ҳабси уро содир карда, Искандаровро дар маърази ҷустуҷу қарор дод.
Додситони кулл ҳамчунин Муҳаммадрӯзӣ Искандаров аз ташкилкунандагони ҳамлаи мусаллаҳона болои сохтмони идораи милиса ва додситонии ноҳияи Тоҷикобод дар тобистони гузашта номид ва гуфт, ки вай рузи 26 август пеш аз тарки кишвар карданаш дар фурудгоҳи Душанбе дар ҳузури Саламшоҳ Муҳаббатов ба ронандаи худ Сақоев Давлатхуҷа ҳамроҳ бо 50 доллар супориш додааст, ки ҷангро дар Ғарму Тоҷикобод сар кунанд.
Дар натиҷаи ҳамлаи мусалаҳонаи шаби 26 ба 27 август дар ноҳияи Тоҷикобод як корманди милиса захмӣ шуда буд. Додситони кулл Искандаровро ташкилкунандаи ин амали ба гуфтаи вай террористӣ хонд.
Бобоҷон Бобохонов ба ҳамин тартиб вуҷуди ҳар навъ заминаи сиёсиро дар қазияи таъқиб ва боздошти ахири Муҳаммадрӯзӣ Искандаров радд намуд.
Додситони кулл зимнан ба масъалаи иртиботи байни Искандаров ва Додоҷони Атовуллоҳ, хабарнигори тоҷики муқими шаҳри Маскав ва сардабири нашрияи "Чароғи Рӯз" низ дахл карда гуфт, бо айби Додоҷон Атовуллоев сарвазири пешини Тоҷикистон Абдумалик Абдуллоҷонов фирорӣ шуд, бо айби вай пештар Ёқуб Салимов ва инак Муҳаммадрӯзӣ Искандаров боздошт шуданд.
Бобоҷон Бобохонов гуфт, додситонии кулли Тоҷикистон ба зудтарин фурсат аз мақомоти Русия истирдоди Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ба Душанберо расман дархост хоҳад кард. Аммо у афзуд, ки ҳануз дар ин замина музокироте байни Душанбеву Маскав шуруъ нашудааст ва тасмими ниҳоӣ дар мавриди истирдоди Муҳаммадрӯзӣ Искандаровро низ ҷониби Русия хоҳад гирифт.
Абдуқайюми Қайюмзод, Радиои Озодӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG