Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дин ва сиёсат дар Тоҷикистон ва ҷаҳон дар барномаи Ҳамнафас


Аввали моҳи декабр дар Прага як нишасти аҷибе доир шуд, ки дар он намояндагони динҳои гуногун, ислом, насроният, яҳудият ва дини буддоӣ дар бораи имкони муколамаи миёни динҳо сӯҳбат карданд. Бархе аз ширкаткунандагони Форуми гуфтугӯи адён ин ҷамъомадро оддӣ ва ё навбатӣ арзишёбӣ карданд, вале бархи дигар гуфтанд, аҳамияти он дар гузориши ду масъала буд. Яке дин, давлат ва сиёсат ва дигаре муносибатҳои миёни ислом ва Ғарб. Рӯҳонии католик, раиси Академияи насронии Ҷумҳурии Чех Томас Ҳалик гуфт, таърихи навтарин шиори дин аз давлат ҷудост-ро ба маҳаки озмоиш гузоштааст. Ҳалик мегӯяд, бешубҳа, ин асл зарурати таърих буд ва озодиҳои сиёсиву шахсиро аз ҳокимияти хатарноки дин наҷот дода, дар навбати худ динро аз дахолати давлат эмин дошт. Вале бо сабабҳои зиёди имрӯза, мо наметавонем асли ҷудоии дин аз давлатро дар идроки муносибатҳои миёни дин ва ҳаёти ҷомеъа як меъёри раднашаванда шуморем.
Исқуфи калисои католикии Люблин дар Лаҳистон Йозеф Мирослав Зичински ишора кард, ки дар аксари фарояндҳои ҷаҳонӣ аён ё ноаён дин ҳузур дорад. Вай пешниҳод кард, шиори ҷудоии дин аз давлат бо шиори дигар: мухторият ва ҳамкорӣ миёни дину давлат иваз карда шавад.
Дар идомаи ҷамъомад, устоди фалсафа ва дин дар Донишгоҳи Дрездени Олмон Ҳанна Фалковитс гуфт, шиори ҷудоии дин аз давлат ҳадафҳои хос дошт ва ду бадбахтии ҷаҳон, ду идеологияи атеистиро ба саҳна овард, ки фашизм ва коммунизм мебошанд.
Банда дар ин толор менишастам ва фикр мекардам, оё дар Тоҷикистон ба ин масъала чӣ назар дошта бошанд. Дар баробари он ки Тоҷикистон ягона кишвари Осиёи Марказӣ бо ҳизби ошкоро амалкунандаи исломист, раҳбарияти Тоҷикистон аз озодии масҷидравии занон, ки низ шаҳрвандони соҳибҳуқуқи кишваранд, ҳимоят накарда, баракс аз манъи намозгузории занон дар масҷидҳо пуштибонӣ кард ва кумитаи дини назди ҳукумат дар бораи тарзи сафари ҳаҷ ду қарор қабул карда, онҳоро барои диндорон ҳатмӣ номид. Пас, оё дар Тоҷикистон дин аз давлат ҷудост? Дин ва сиёсат бо ҳам чӣ робита доранд? Оё Эрон кишвари дунявист? Муколамаи динҳо дар Тоҷикистон чигуна аст? Оё ислоҳот дар Ислом мумкин аст? Ба ин саволҳо Муҳиддини Кабирӣ, коршинос ва ноиби раиси ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Меҳдии Халаҷӣ, исломшиноси эронӣ посух доданд ва ҳамкорони мо Раҳматкарими Давлат дар бораи гуфтугӯи адён дар Тоҷикистон ва Латифи Латифӣ дар бораи телевизиони исломӣ дар Амрико гузориш доданд.

Вобаста

XS
SM
MD
LG