Пайвандҳои дастрасӣ

Намоишгоҳи саноатии Эрон дар Тоҷикистон


Дар Кохи Борбади шаҳри Душанбе саввумин намоишгоҳи тавлидоти саноатии Эрон дар Тоҷикистон бо маросиме боз шуд, ки дар он мақомоти баландпояи расмии Тоҷикистону Эрон, намояндагони сафоратҳои муқими Тоҷикистон, ҷамъи сармоягузорону тоҷирони ду кишвар ва сокинону меҳмонони зиёди шаҳри Душанбе ширкат доштанд. Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистони Носири Сармади Порсо зимни гушоиши намоишгоҳ аҳамияти онро дар густариши равобити миёни ду кишвар таъкид намуд. Нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов баргузории намоишгоҳи ихтисосии молҳои эрониро як имкони хуб барои ошноӣ бо имконоту зарфияти сармоягузорону тоҷирони ҳар ду кишвар арзёбӣ намуд.
Дар ин намоишгоҳ 50 ширкати саноатии Эрон тавлидоти мухталиф, аз қабили масолеҳи сохтмонӣ, кошиву лӯлаҳо, сервисҳои беҳдоштӣ, таҷҳизоти компютерӣ ва ҳамчунин мошинолоти саноеъи ғизоиву соири маҳсулоти саноеъи бастабандии кишоварзиро ба маърази бинишу омӯзиш гузоштанд. Дар ҳошияи ифтитоҳи намоишгоҳи маҳсулоти эронӣ дар Душанбе ҳамчунин дар назар аст, фардо дар маркази ноҳияи Ваҳдат корхонаи муштараки тавлиди маҳсулоти ғизоӣ мавсум ба Витона ифтитоҳ ёбад ва ҳамоиши иқтисодии Эрону Тоҷикистон дар Душанбе баргузор гардад. Аммо дар ҳамин ҳол хабар дода мешавад, ки гардиши мол миёни ду кишвар дар соли равон 15 дарсад кам шудааст.
Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG