Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донишҷӯи тоҷик: Хондан сахт, зистан аз он ҳам сахттар


Донишҷӯ: «Рӯзе мешавад, ки мо ягон чиз намехӯрем ва бо шиками гурусна дар синфхонаи сарду торик дарс мехонем»

Вақте вориди ҳавлии хобгоҳи рақами якуми донишгоҳи омӯзгорӣ гаштам, ҳама донишҷӯёни маскуни ин хобгоҳ дар беруни бино ҷамь омада буданд. Ман дар аввал фикр кардам, ки ин донишҷӯён чӣ чорабиние доранд, аммо маьлум гашт, ки онҳо аз сардии манзилҳои худ ба берун фирор кардаанд. Манзилҳои сарду торики хобгоҳ онҳоро берун кардааст. Онҳо баъди бозгашт аз донишгоҳ то дергаҳ дар берун мемонанд. Ва табиат ҳам гӯё ба ин донишҷӯён раҳм карда бошад, таи ду рӯзи ахир офтобро арзонӣ доштааст. Донишҷӯён мегӯянд, 10 рӯз аст, ки дар хобгоҳ барқ нест ва онҳо бад ин минвол рӯз мегузаронанд. Як донишҷӯе ки аз гирифтани номаш худдорӣ кард. гуфт:

«Проблемаи асосӣ барои мо ин қувваи барқ аст. Зимистон ҳоло ба хубӣ надаромада аллакай мо аз набуди қувваи барқ танқисӣ мекашем. Дар курси якум ҳам дар ҳамин хобгоҳ зиндагӣ мекардам, соли гузашта низ аҳволамон камтар созтар буду лекин имсол тамоман барои мо мушкил аст.»

Ин донишҷӯ се сол боз муқими хобгоҳ аст ва мегӯяд, тӯли ин муддат чандин донишҷӯён бо иллати шароити бади хобгоҳ ба бемориҳои гуногун дучор гашта ва бархе бо ин сабаб таҳсилро тарк кардаанд. Донишгоҳ онҳоро бо бухориҳои барқӣ таьмин намудааст, вале аз ин бухориҳо ба донишҷӯён нафъе нест:

«Рӯзе мешавад, ки мо ягон чиз намехӯрем, ягон чиз истеьмол намекунем, ҳамин хел бо шиками гушна мерем дарс, вале муаллимони мо инро ба назар намегиранд.»

Донишҷӯён субҳ манзилҳои сарди худро тарк карда бо шиками нимгурусна роҳи донишгоҳро пеш мегиранд. Вале он ҷо низ онҳоро боз ҳам синфхонаҳои сард интизор аст. Бориши барфи аввал ва хунукиҳо ҳар сол донишҷӯёнро мувоҷеҳи мушкилот мекунад. Бархе аз камии нақлиёт, гурӯҳи дигар аз соатхои дарози дарсӣ ва қисмати дигар аз хунукии синфхонаҳо дар фасли зимистон шикоят менамоянд:

«Мо баьд аз нисфирӯзӣ дарс дорем, ҳатто дар синфхонаҳо як чароғ нест, ки дарсро дар рӯшанӣ хонем. Ба дараҷае хунук аст, ки тоқат кардан имкон надорад»

«Аз сабаби он ки ман аз роҳи дур, яьне аз ноҳияи Тоҷикобод ҳастам, дер омадани падару модарам ба аёдати ман, ин проблемаи аз ҳама асосӣ аст барои ман дар фасли зимистон,чунки дар ин фасл роҳ маҳкам мешавад.»

«Дар фасли зимистон аз ҳама мушкили асосӣ ин нақлиёт мебошад. Манн аз ноҳияи Рудакӣ меоям ва дар зимистон, ки газҳо ях мекунанд ё ки маршрутка кам аст ва ё роҳҳо яхбандӣ мешаванд, мо сари вақт ба дарс омада наметавонем. Мушкилии аз ҳама сахт дар зимистон ҳамин аст. Соли гузашта рӯзҳое буд, ки соатҳои 11 ба дарс мерасидем, боз рӯзе мешуд, ки пиёда то донишгоҳ меомадем.»

Донишҷӯёни тамоми донишгоҳҳо чун ҳамасола аллакай аз пайи ҷамьоварии маблағ ҳастанд, то аз ҳисоби худ бухорӣ харида синфхонаҳоро гармтар намоянд.
Масьулин мегӯянд, ҳаддалимкон кӯшиш намудаанд, то донишгоҳҳоро нисбати солҳои гузашта ба ин фасли сол омода намоянд. Аз ҷумла донишгоҳи давлатии омузгорӣ ба номи Қандил Ҷӯраев, имсол боми биноҳои донишгоҳро , ки дар фасли зимистон аз онҳо об мечакид, таьмир кардааст. Шафоат Саьдиев -ноиби ректор оид ба корҳои хоҷагӣ дар ин бора гуфт:

«Дар аксари биноҳои донишгоҳ ва хобгоҳҳо ҳисобкунакҳои барқ васл карда шуд. Вобаста ба имкониятҳои иқтисодӣ, то саршавии фасли сармо тирезаҳои шикастаи биноҳо шишабандӣ карда шуданд. Ва ҳамчунин имсол хушбахтона бо кӯмаки ҳукумати шаҳри Душанбе барои бинои таьлимии рақами 1-и донишгоҳ, ки дар он 4 факулта таҳсил мекунад, бунгоҳи гармидиҳии автономӣ, яьне Бойлер, ки бо қувваи барқ гарм карда мешавад ва дар баробари саршавии хунукиҳо онро истифода мебарем. Қубурҳои бомҳои ҳамаи биноҳо аз партовҳо тоза карда шуданд ва доимо дар зери назорати доимии қисми хоҷагӣ мебошанд.»

Вале худи донишҷӯён дигар бовар надоранд, ки дар зимистони имсола нисбати солҳои пешин мушкилоташон камтар гардад. Ва ба ҳар ҳол барои хубтар гардидани шароити худ онҳо пешниҳод доранд, ки дар ин фасл аз соати 7 то 8-и субҳ сафи нақлиёт зиёд шавад ва бо назардошти сардии синфхонаҳо ва торикӣ соатҳои дарсӣ низ кӯтоҳтар шаванд.
XS
SM
MD
LG