Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Инқилобҳои «садбаргҳо» -ву «норанҷҳо» аз нигоҳи ҷавонон


Кишварҳои Осиёи Марказиро чӣ гуна инқилоб интизор аст?
Ҷавонон дар таҳаввулоти сиёсӣ саҳм мегузоранд ё мавриди истифода қарор мегиранд?

Ба андешаи аксари сиёсатмадорони ҷавони тоҷик, нерӯи аслии ҳар як таҳаввулот дар ҷомеа ҷавонон мебошанд ва дар ҳар инқилоб маҳз аз қувваи ҷавонон истифода мешавад, дар ҳар инқилоб саҳми ҷавонон чашмрастар аст ва аз ҳама бештар ҷавонон ҳавасманди таҳаввулот дар ҷомеа ва дар ҳаёти хеш ҳастанд. Абдусамад Раҳимов – раиси бахши истаравшании ҳизби сотсиал – демократии Тоҷикистон:

«Абарқудратҳо албатта даст доранд, вале пеш аз ҳама ин майли худи ҷавонон барои дигар кардани зиндагии худ, барои ояндаи кишвари худ, хусусан дар Гурҷистон ва Украина мебошад.»

Ҷаноби Раҳимов мегӯяд, хоҳиши дигаргунии ҷиддӣ дар ҳаёти хеш ҷавононро ба хиёбонҳо мерезонад, вале Муҳаммадзоҳир Ҳабибов – корманди дастгоҳи иҷроияи кумитаи марказии ҳизби халқӣ - демократии Тоҷикистон бар ин назар аст, ки мардумро на танҳо ин хоҳиш дар майдон ҷамъ меоварад:

«Дар ин майдон асосан ҷавонон ҳастанд ва ба фикри ман дар ин ҷо омилҳои молӣ ҳам нақш мебозад, чунки онҳо ба хӯрока таъмин ҳастанд ва ба баъзе маълумот онҳо музде ҳам мегиранд. Инро низ бояд дар назар дошт, ки он ҷо ду майдон аст ва пирӯзии яке аз майдонҳо наметавонад тамоми ормонҳои халқи Украинаро бароварда созад.»

Ба андешаи Фаридун Давлатов – раиси шӯъбаи ҷавонони ҳизби коммунистии Тоҷикистон, аз нерӯи ҷавонон дар ин таҳаввулот гурӯҳҳои сиёсӣ бо ғаразҳои худ истифода мебаранд:

«Ин албатта ҳар як гурӯҳи сиёсӣ аз ҷавонон истифода мебарад ва шояд бо ҳар роҳу восита ба даст овардани мақсади худ бошад.»

Ва аммо оё интихобот дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мардумро дар майдонҳо ҷамъ меоварад ё на? Мусоҳибони ман мегӯянд, дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар солҳои наздик на инқилоби ба истилоҳ «садбаргӣ» сар мезанаду на «норанҷӣ». Зеро ба қавли онҳо, дар ин кишварҳо ҳанӯз заминаҳои ҳеҷ як инқилобе аз лиҳози андешаронии мардум барои ҳимоя аз ҳуқуқи хеш ва арзишҳои демократӣ пайдо нашудааст. Абдусамад Раҳимов – раиси бахши истаравшании ҳизби сотсиал – демократии Тоҷикистон мегӯяд, чун дар Қазоқистон, ки мардумаш андешаронии нисбатан озодтар доранд, аҳзоби мухолиф натавонистанд пас аз интихоботи порлумонӣ ба амале мушобеҳи Гурҷистон ва Украина даст зананд, дар Ӯзбакистону Қирғизистон, ки оппозитсияи қавӣ надоранд, ба вуқӯъ пайвастани ҳар як амре аз эҳтимол дур аст. Ва аммо дар мавриди Тоҷикистон ҷаноби Раҳимов бар чунин назар аст:
«Барои Тоҷикистон ҳоло даврае нарасидааст, ки зарурати гузаронидани ҳамин гуна инқилобҳо, махсусан дар ҷавонон пайдо шуда бошад. Чунки барои гузаронидани инқилоб аслан нерӯи ҷавононе, ки фикр ронда тавонанду ва аз сатҳи пасти зиндагӣ каме раҳо ёфта бошанду майли сиёсат дошта бошанд ва майли зиндагие дошта бошад, ки худро воқеъан ҳамчун инсон эҳсос кунад, ҳоло нест.»

Абдусамад Раҳимов мегӯяд, ӯ мухолифи ҳар гуна инқилоб ва ташаннуҷи вазъ мебошад. Муҳаммадзоҳир Ҳабибов – узви ҳизби халқӣ - демократии Тоҷикистон дар ин бастагӣ чунин мегӯяд:

«Дар Осиёи Марказӣ чунин ҳолат Рух намедиҳад, чунки менталитети халқи мо то он дараҷа ташаккул наёфтааст ва ҳам ин ки мо он хел базае надорем, ки халқ ана ҳамон хел сарҷамъ равад. Дар мисоли Тоҷикистон гуфтанӣ ҳастам, ки аксарияти мардум аз сиёсати пешгирифтаи давлат ҷонибдорӣ мекунад.»

Ба гуфтаи Муҳаммадзоҳир Ҳабибов – узви ҳизби ҳоким дар Тоҷикистон ва Фаридун Давлатов – раиси шӯъбаи ҷавонони ҳизби коммунист, мардуми Тоҷикистон аллакай таъми майдоннишиниҳоро чашидааст ва дигар ин мардумро ба майдон кашидан амри маҳол аст. Ва ҳам, айни ҳол нерӯи аслии ҷомеа дар Русия мардикорӣ мекунад вале гуфта мешавад, косаи сабри мардуми Украина ва Гурҷистонро мушкилоти сангини зиндагӣ ва нодида гирифтани ҳуқуқи онҳо лабрез гардонидааст. Айни чунин мушкилот имрӯз қомати мардуми дигар кишварҳои собиқ Шӯравиро низ хамида гардонидааст.
XS
SM
MD
LG