Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти масъулони пулталаб дар фурудгоҳи Душанбе


Холиқи Сангин

Дар фурудгоҳи Душанбе чаҳор корманди бахши бозрасии марзӣ бо айбномаи тамаъҷӯӣ ва пулситонӣ аз мусофирон боздошт шудаанд. Оқил Султонов, масъули маркази матбуотии Додситонии нақлиётии Тоҷикистон бо эъломи ин хабар гуфт, аз ин чаҳор нафар, ба шумули сарвари онҳо, Неъмат Раҳматов, ҳангоми сабт ва гусели мусофирони хатти сайри ҳавоии Душанбе - Маскав миқдори муайяни пули мусофирон пайдо шудааст. Мақомоти додситонӣ мегӯянд, панҷ мусофири ҳавопаймои Душанбе - Маскав баёнот додаанд, ки маҳз ҳамин афрод дар фурудгоҳ зимни бозрасии марзӣ аз онҳоро бо ҳар таҳдид маҷбур кардаанд, ки пул диҳанд.
Дар пайи таъсиси бахши вижаи зидди ришват дар назди додситонии кулли Тоҷикистон ниҳодҳои марбутаи ин кишвар мубориза алайҳи тамаъҷӯӣ ва ришвахориро дар сохтору ниҳодҳои мухталиф тақвият бахшидаанд. Бар пояи иттилои расмии додситонии кулли Тоҷикистон танҳо зарфи се моҳи ахири соли равон дар ин кишвар дар заминаи ришвахорӣ ва тамаъҷуӣ беш аз 40 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG