Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Норозигии Русия аз таъини раиси нави Донишгоҳи славянӣ


Сафорати Русия дар Душанбе зимни пахши як баёния наҳваи таъини раиси нави донишгоҳи муштараки Тоҷикистону Русия бо номи Донишгоҳи славяниро нақзи созишномаи миёни ду кишвар ва ойинномаи ин муассиса номидааст. Дар ин баёния омадааст, таъини раис мебоист бо ризоияти Вазорати маорифи Русия сурат мегирифт. Аммо ҷониби Тоҷикистон бе мувофиқа бо ин вазорат раиси навро таъин кардааст. Ҳукумати Тоҷикистон рӯзи душанбе раҳбари факултаи адабиёти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомовро раиси Донишгоҳи славянӣ таъин кард. Қурбон Восиев - мушовири раиси ҷумҳури Тоҷикистон, мегӯяд, чунин иқдом бидуни мувофиқа бо мақомоти Русия сурат нагирифтааст.
Муовини раиси Донишгоҳи славянӣ Илан Тупайло гуфт, дар мавриди қазияи пешомада наметавонад шарҳи бештаре бидиҳад. Вале дар мавриди саҳми ду кишвар дар таъмини манобеи молии донишгоҳ гуфт, ба далели мушкилоти иқтисодие, ки Тоҷикистон дорад, бӯҷаи донишгоҳи мазкур аз ҷониби Русия таъмин мешавад. Агарчанд саҳми Тоҷикистон низ дар таъмини молии донишгоҳ назар ба солиёни пешин афзудааст, аммо боз ҳам намешавад гуфт, ки саҳми Тоҷикистон нисфе аз бӯҷаи донишгоҳи мазкурро таъмин мекунад.
Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия дар соли 1996 бо мувофиқати Тоҷикистон ва сармоягузории ҷониби Русия таъсис шуда, ҳоло дар он бештар аз 3000 донишҷӯ дар он таҳсил мекунад.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG