Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастури нави Кумитаи дини Тоҷикистон дар бораи сафари ҳаҷ


Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон гузаронидани маросими имсолаи ҳаҷро , баракси солҳои пешин, ки ба ин кор ширкати сайёҳии Тоҷикистонро низ ҷалб мекард, танҳо бар ӯҳдаи худ ва бахшҳои минтақавии ин кумита гирифтааст. Ҳамчунин бо супориши Кумитаи дин имсол сафари шаҳрвандони то 18-солаи Тоҷикистон ба ҳаҷ мамнӯъ шудааст. Бекмуроди Мирзонабизода, ёвари сарвари кумитаи дин дар вилояти Суғд дар ин маврид мегӯяд, ки кумитаи дини ҷумҳурӣ ба хотири танзими масъалаи хаҷ ва беҳбуди шароити рафтуомади зиёраткунандагони тоҷик чунин тасмим гирифтааст: «Бо қарори Кумитаи дини ҷумҳурӣ имсол сафари ҳаҷ танҳо тавассути роҳи ҳавоии Душанбе - Ҷидда ё худ Хуҷанд- Ҷидда сурат мегирад. Беҳбудии дигар ин ки ҳар шахси тасодуфӣ ба сифати роҳбалад мисли солҳои пешин бо зиёраткунандагон ҳамроҳӣ накарда, балки ба ин кор ашхоси мутахассис ва масъул ҷалб карда мешаванд». Ба гуфтаи Мирзонабизода, дар мавсими гузаштаи ҳаҷ сафари гурӯҳе аз зиёраткунандагони тоҷик, ки масъулияти рафтуомади онҳоро як ширкати сайёҳии кишвар бар дӯш дошт, дар шаҳри Дубай ба сабаби барояшон саривақт дастрас накардани раводиди вуруд ба Арабистони Саъудӣ муддате ба таъхир афтода буд.
Дастури нави Кумитаи дини Тоҷикистон дар бораи ҳаҷ норозигии ширкатҳои сайёҳии вилояти Суғдро ба миён овард. Ба гуфтаи кормандони ширкатҳои сайёҳӣ, ин кор фаъолияти онҳоро маҳдуд ва аз як манбаъи даромад маҳрум сохтааст. Даврон Абдуҳалимов, корманди корхонаи воҳиди давлатии «Сайёҳ» дар шаҳри Хуҷанд : «Мо соли гузашта ба гусели зоирон машғул будем ва аз ҳар нафар 20 сомонӣ хидматонаи расмӣ мегирифтем, акнун моро аз ин маҳрум кардаанд. Аз тарафи дигар, акнун нархи роҳи Ҷидда ба худи зиёраткунандаҳо ҳам қимат меафтад ва имсол мумкин шумораи зоирини тоҷик назар ба соли пеш камтар шавад ». Соли гузашта маблағи сафари ҳаҷ барои нафароне, ки аз ҷониби ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон фиристода мешуданд, баробар ба 1250 доллари ИМ буд, имсол 500 доллар боло рафтааст.
Оғози сафари зоирини тоҷик, ки Арабистони Саъуди барояшон шаш ҳазор ҷой ҷудо кардааст, дар ибтидои моҳи январ дар назар аст.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG