Пайвандҳои дастрасӣ

80 дар сади гирифторони вируси HIV одамони синнашон аз 40 поён аст


Дар шаҳри Қайроқуми вилояти Суғд ахиран табибон аз батни модари мубтало ба ВИЧ тифлеро ба таври сунъӣ берун оварданд, то кӯдак ба вируси заъфияти масъунияти бадан олуда нашавад.
Ҳабибулло Орифов - раҳбари маркази мубориза бо СПИД-и вилояти Суғд ҳодисаро чунин шарҳ медиҳад: « Бо тариқи ҷарроҳии чоки қайсар аз батни зан гирифтем ва барои аз шири модар сироят наёфтанаш ба хӯроки сунъӣ гузарондем.»Орифов мегӯяд, имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ 61 зани мубтало ба ВИЧ ба сар мебарад ва хатари ба дунё омадани тифли олуда ба СПИД мавҷуд мебошад. Мақомоти беҳдошти Тоҷикистон мизони густариши ВИЧ дар кишварро нигаронкунанда арзёбӣ мекунанд. Нусратулло Файзуллоев - вазири беҳдошти кишвар мегӯяд, агар дар соли гузашта дар Тоҷикистон 42 нафар бо вируси адами масъунияти бадан ба қайд гирифта шуда бошад, имсол ин адад ба 317 нафар расидааст. То имруз 10 нафари онҳо фавтидаанд. Аксари кулли беморон, яъне 256 нафарашон мард мебошанд. Ба гуфти Нусратуло Файзулоев, 80 дар сади беморон зери синни чиҳил буда, дар миёни онҳо як кӯдаки 4 сола ва 2 навраси 14 сола низ сабт шудааст: «Дар ҷойи аввал Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон меистад, аз 100 хазор аҳолии ин минтақа 2,5 нафар ва дар ҷумҳурӣ 4,9 ба 100 000 аҳолӣ рост меояд»Мутахассисон мегӯянд, наврасону ҷавонон дар Тоҷикистон маъмулан бар асари истифодаи такрории сӯзандоруи нашаъмандон, робитаи ҷинсӣ бо нафари мубтало ба ВИЧ ва бо роҳи хунгузаронӣ ба ин маризӣ олуда мешаванд. Искандар Самадов - раҳбари маркази мубориза бо СПИД-и вилояти Хатлон дар ин маврид мегӯяд: «Ё ин ки аз модар сироят меёбанд ҳангоми таваллуд ё баъди он масалан бо тариқи сина макондан. Дигарон бошанд ё хуни сироятшударо истифода мебаранд, ё ҳангоми истифодабарии маводи мухаддир сироят меёбанд»Ахиран дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки занону духтаронро низ хатари заҳролудшавӣ ба вируси ВИЧ таҳдид мекунад ва ин хатар ду баробар бештар аз мардон будааст. Ҳамоҳангсози барномаи ВИЧ СПИД-и СММ дар Тоҷикистон Салибан Омар мегӯяд: «Аз ҳама ҷихат занон дар ҷомеъа осебпазиранд, ҳам аз лиҳози пуливу молӣ ва ҳам аз лиҳози расму оинҳо ба шавҳарони худ тобеъанд. Ва агар зан бидонад ки шавҳараш бемори ВИЧ аст, робитаи наздикро бо ӯ рад карда наметавонад. Дар кишварҳои собиқ иттиҳоди шӯравӣ, ки муҳоҷират ва нашъамандӣ зиёд аст ва ин нафарон албатта ҳамсар ва ё дӯстдоштаҳои худро доранд, метавонанд бо роҳи робитаи ҷинсӣ занонро сироят кунанд. Аз Тоҷикистон тибқи омори расмӣ дар ҳар мавсим ҳудудан 600 000 чавон ба муҳочират меравад махсусан ба кишварҳои Русия ва Украина ки дар ҷаҳон вусъати СПИД дар ин минтақаҳо дар ҷойҳои аввал меистад.»Созмонҳои байналмилалӣ ва давлатӣ имрӯз ягона роҳи мубориза бо ВИЧ СПИД-ро дар баланд бардоштани маърифати мардум, бахусус ҷавонон медонанд. Аз ин рӯ ҳам марказҳои мубориза бо СПИД - и шаҳру вилоятҳо ва ҳам созмонҳои байналмилал қариб ки дар як самт фаъолият мекунанд. Яъне бо гузаронидани семинар ва тренингҳои омӯзишӣ мехоҳанд мардумро аз паёмадҳои СПИД, роҳҳои ҷилавгирии он ва ғайра огоҳ бикунанд. Муродбоқӣ Бекназаров - ҳамоҳангсози барномаи бунёди глобалӣ оиди барномаи пешгирии бемории СПИД - и СММ мегӯяд: «Агар ин корҳоро имрӯз мо ба сомон нарасонем, вазъи гирифтор шудани ҷавонон ба ин беморӣ меафзояд. Аммо агар мо дар якҷоягӣ ин корро иҷро кунем, метавонем пеши роҳи эпидемияи СПИД-ро бигирем»Ба гуфти мутахассисон то имрӯз роҳи табобати вируси заъфияти масъунияти бадан ошкор нашудааст ва танҳо барои дароз намудани умри як инсон ҳамасола то 10 000 доллар лозим меояд. Аз ин рӯ, ба ҷавонон тавсия дода мешавад, ки худро аз ин вабо бо ҳар роҳ пешгирӣ намоянд ва ҳатто дар сартарошхонаву духтурхонаҳо истифодаи асбобҳои яккарата ва тамизкардашударо талаб намоянд.
Фирӯзи Барот, Душанбе
XS
SM
MD
LG