Пайвандҳои дастрасӣ

Чеҳраи Ҳафта: Хабарнигори зиндаёд Мазҳабшоҳи Муҳаббатшоҳ


Мазҳабшоҳи Муҳаббатшоҳ, ки дар синни 68-солагӣ дунёни фониро падруд гуфт, ба унвони як журналисти муваффақ ва мутафаккир дар ҷомеа шуҳрат ёфта буд. Мазҳабшоҳи Муҳаббатшоҳ дар тамоми тули умр ғайри кори журналистӣ фаъолияти дигаре надоштааст. Магар як муддати кутоҳ, баъди бознишаста шудан ёвари раисиҷумҳури Тоҷикистон буд. Ва як навбат низ ҳамзамон бо сардабирии рузнома вакили Шурои Олӣ будааст.
У дар факултаи адабиёт ва таърихи Донишгоҳи Миллӣ ва дар мактаби идории Ҳизби Коммунист дар Маскав таҳсил кардааст. Дар идораи радио ва телевизиони Тоҷикистон, дар нашрияҳои "Маориф ва Маданият", "Адабиёт ва Санъат" ва "Тоҷикистони Советӣ", ки баъдан "Ҷумҳурият" ном гирифт, ба ҳайси сардабир ё дабири масъул фаъолият кардааст.

Ба гуфтаи Нур Табаров, вазири фарҳанг дар ҳукумати вақти Тоҷикистон, Мазҳабшоҳи Муҳаббатшоҳ аз муассисони аслии ҳафтаномаи «Адабиёт ва Санъат», аз бонуфузтарин нашрияҳои вақти Тоҷикистон буд, ки бо ҳудуди 100 000 нусха теъдоди нашр дар таҳаввули фикрии ҷомеаи Тоҷикистон саҳми муҳим дошт.
Аммо қабл аз он, Муҳаббатшоев дар «Маориф ва Маданият», бо Буринисо Бердиева ва соири зиёиёни дигарандеш, оғози муборизаҳои фикрӣ ва раванди эҳёи миллиро бунёд гузоштанд. Нашри мақолае дар мавриди таърихи Навруз ва талоше барои собит кардани ин, ки муҳри динӣ ва мазҳабӣ задан ба як ҷашни миллӣ ва табиӣ камоли беинсофӣ ва бебунёд аст, Муҳабатшоевро ба унвони як чеҳраи миллӣ муаррифӣ кард.
Аҳмадшоҳи Комилзода, хабарнигори тоҷик мегуяд, ки у ҳам бо илҳом аз мақолаи Муҳаббатшоев дар нашрияи донишгоҳи омузгорӣ ин мавзуъро доман мезанад, ки боиси мушкилоти фаровон барояш мегардад: "Мазҳабшоҳи Муҳаббатшоҳ боҷуръатона корҳои зиёди шоистаеро анҷом додааст, ки якеаш навистани мақола дар соли 1970 дар иртибот ба Наврузи хуҷиста буд, ки пештар ҳукумати шуравӣ ва ҳукумати коммунистии Тоҷикистон бо як супориши худ истиқболи ҷашни Наврузро ба унвони иди динӣ ё ҷашни мазҳабӣ мамнуъ эълон карда буд. Вале дар рузномаи бисёр арзишманди Бердиева - "Маориф ва Маданият" - аввалин бор мақолаи Мазҳабшоҳи Муҳаббатшоҳ
дар мавриди истиқболи Навруз, дар мавриди Навруз ҳамчун ҷашни миллии ин сарзамин ва ин хитаи дунё ба нашр расида буд, ки воқеъан барои мо, журналистон, барои насли ҷавон, барои насли таҳсилкарда як баҳси ифтихоромез буд."


Оқои Комилзода лаҳзае аз ҳамкорӣ бо Муҳаббатшоевро дар идораи ахбор ба ёд меорад. У мегуяд, Муҳаббатшоев нисбати ҳамкорон бисёр серталаб буд ва ҳамкорони беҳунарро таҳаммул намекард: "Вақте ки навиштаи касонеро мехонд, онҳоро ба ҳаво сар медод аз қаҳр, чаро ки ҷумлаҳо, тарзи навишт ва сатҳи журналистикаи ин одамон хеле пасту заъиф буд. Ва у нороҳат мешуд, ки бо ин гуна, масалан, маҳорат, чӣ тавр ин шахс тавонистааст, ки омада дар барномаи "Ахбор", ки аз муҳимтарин барномаҳои телевизиони Тоҷикистон буд, кор мекунад."

Баъдан бо вазидани насими бозсозӣ муҳит барои ҷавонони навовар ва изҳори ақидаҳои мухталиф муносибтар шуд, ки Муҳаббатшоев дар соли 1986 ба унвони сардабири рузномаи муттанафизи вақти кишвар «Тоҷикистони Советӣ» таъин шуд. Дар ин миён муҳимтарин кори анҷомдодаи у талош барои мақом бахшидан ва эҳёи забони форсии тоҷикӣ буд, ки бар асари сиёсатҳои Ҳизби Коммунист тақрибан ба як забони хонавода табдил шуда ва истифодаи он дар маҳофили расмӣ ва идороти давлатӣ аз миён рафта буд. Муҳаббатшоев ба рағми мухолифати Ҳизби Коммунист бо давлатӣ шудани забони форсӣ рузномаи расмии ҳизб ва давлатро ба минбари аслии ҷонибдорони давлатӣ шудани забон табдил дод, балки худи у ба унвони як чеҳраи миллӣ ва вакили Маҷлис яке аз пешмардони ин иқдом буд.
Нарзуллоҳи Латиф, аз ҳамкорони собиқи Мазҳабшоҳи Муҳаббатшоҳ: "Мо дар утоқи кории Имомназари Холназар, ки он айём вазифаи котиби масъули рузномаи "Тоҷикистони Советӣ"-ро бар уҳда дошт, ҷамъ омада будем ва интизор будем, ки Мазҳабшоҳ Муҳаббатшоев бо чӣ гуна пайғоме аз ҷаласаи комиссияи ҳукуматӣ бармегардад. Баъди чанде у дарро боз кард ва хушҳолона гуфт: Мо пируз шудем! Коммисия қарор кард, ки ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шавад! Ва ҳамчунин гуфтанд, ки рақибони мо он ҷо зиёд буданд ва онҳое буданд, ки худ тоҷиканд, соҳибмансабанд, вале забони тоҷикиро намедонанд. Ва, албатта, барои як нафари соҳибмансаб, барои нафаре, ки он замон ҳам узви кумитаи марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон ва ҳам узви Шурои Олии Тоҷикистон буд, бо рақибони худ, бо соҳибмансабон баҳсу талош кардан ва бар онҳо дастболо шудан ба ҳар кас даст намедод ва ҳам на ҳар кас ба ин ҷуръат мекард."

Ба гуфтаи шоҳидон ва ҳамкорони Муҳаббатшоев, муаллифи тарҳи таъсиси Бунёди забони форсии тоҷикӣ у буд. Бунёде, ки баъди даргузашти Лоиқ Шералӣ Мазҳабшоҳи Муҳаббатшоҳ то вопасин лаҳза сарпарасти он буд.
Аммо дар охирин мусоҳибае, ки бо у доштам, дар ду моҳи пеш мегуфт, бо ин ки Қонуни Асосӣ ба унвони забони расмӣ танҳо форсиро эътироф кардааст, ниёзе ба қонуни забон боқӣ намондааст. У мегуфт: "Ман фикр мекунам, дигар ба Қонуни забон эҳтиёҷ нест, ҳамон тавре ки ба ниҳодҳое ба мисли Бунёди забон ҳам эҳтиёҷ нест. Чунки дар Қонуни Асосии мамлакат навишта шудааст, ки забони тоҷикӣ забони давлати ин мамлакат аст."

Имомназари Холназар дабири масъули рузномае буд, ки Муҳаббатшоев сардабири он буд.
Ва дар пайи тазоҳуроти баҳманмоҳи соли 1990, ки боиси кушта шудани 24 нафар ва таҳти таъқиб қарор гирифтани нируҳои дигарандеш гардид, хабари истеъфои се роҳбари дараҷаи аввали кишварро рузномаи «Тоҷикистони Шуравӣ» ба нашр мерасонад, ки нашри ин хабар баъдан боиси барканории у аз масъулият мешавад.У мегуяд, «Тоҷикистони Шуравӣ» танҳо рузномае буд, ки хабари имзо гузоштани роҳбарияти кишвар ба протоколи истеъфо бо дархости тазоҳургаронро ба нашр супурда буд. Истеъфое, ки сурат нагирифт ва боиси мухолифат ва таъқиботи нируҳои мухолиф ва аз ҷумла рузноманигорон шуд.


Аммо Хуршеди Атовуллоҳ, аз журналистони насли нав: "Устод мисли ҳамсолони дигаре, ки дошт ва имруз ҳам эшон дар саҳнаи журналистика аз чеҳраҳои намоён ҳастанд, аз онҳо ба куллӣ фарқ мекард. У пойбанди ҳамон андешаҳое набуд, ки онҳо то имруз доранд ва барои пешрафти ҳам худи онҳо ва ҳам журналистикаи тоҷик монеъа эҷод мекунанд."

Акси болабханди Мазҳабшоҳи Муҳаббатшоҳ аксари рузномаҳои ин ҳафтаи Душанберо зеб додааст. Як рузнома зери унвони "Марге, ки зебо буд" болои дастони садҳо журнолист ҳамл шудани ҷанозаи Муҳаббатшоевро тасвир карда ва навиштааст, "танҳо ба курсӣ нишондани форсии тоҷикӣ кофист, ки номи Муҳаббатшоев аз лавҳи хотири соҳибони ин забон зудуда нашавад. Аммо барои он ки марг зебо бошад, дар зиндагӣ мисли Мазҳабшоҳ бояд зебо буд."

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG