Пайвандҳои дастрасӣ

Сӯги устод, рӯзи сиёҳи "Рӯзи Нав", "Плазма" дар ҳамсоягии "Роҳат" ва масъуният аз вируси инқилоб


Дар сӯги устоди журналистикаи тоҷик

Дар сӯгвории Мазҳабшо Муҳаббатшоев, устоди журналистикаи муосири тоҷик шумораи тозаи нашрияҳои чопи Душанбе матолибе аз корномаҳои таърихии ӯ ба нашр расонидаанд. «Нерӯи Сухан» аз ин журналисти зиндаёди тоҷик китоби хотираҳо варақ зада навиштааст: «Ӯ шарифмарде буд, ки дар ҷодаи хеш содиқ монд ва ҳеҷ гоҳ пайи молу ҷоҳу ҷалол нарафт».

Рӯзи сиёҳи "Рӯзи Нав"

Дар ҳамин ҳол нашрияи «Нерӯи Сухан» аз тақдири ба сахтӣ мувоҷеҳшудаи як дастгоҳи журналистии тоҷик, нашрияи «Рӯзи Нав» матлаберо таҳти унвони «Рӯзи сиёҳи «Рӯзи нав» рӯи чоп оварда, қазияи боздошти чопи ахири нашрия ва то кадом андоза ба чунин амал ҳаққ доштани мақомоти молиёти Тоҷикистонро рӯшан кардааст. Муаллиф навиштааст: «Ҳамин тавр тақрибан ҳамаи маҷаллаҳои мусаввар дар хориҷа чоп мешаванд, на дар Тоҷикистон! Шунидам, ки ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон низ ду маҷаллаи ранга доштааст, онҳо низ бояд дар хориҷа чоп шуда бошанд! Бовар кунед, агар «Чархи гардун» дар Германия чоп шавад, касе онро дар фурудгоҳи Душанбе нигоҳ намекунаду «ба шубҳа» намеояд, зеро он «ба сиёсат кор надорад». «Шубҳа» танҳо ба ҳафтаномаҳои оппозитсионӣ дахл дорад, ҳарчанд аз боло то поин ҳама ин ҳафтаномаҳоро бо мароқ мехонанд».

"Плазма" - ҳамсояи "Роҳат"


Ин дар ҳолест, ки ин нашрия дар матлаби дигар аз сӯи мақомоти шаҳрдории Душанбе сарфи назар шудани заҳмати аҳли қалам, бо шумули журналистон дар мавриди татбиқи қонуни забонро мавриди интиқод қарор додааст. Муаллифи матлаб тартиби феълии номгузории идораву муассисот ва марокизи тафреҳии шаҳри Душанберо поймолкунии забони тоҷикӣ унвон кардааст: "Номи идорае, ки паҳлуи чойхонаи «Роҳат» ҷой гирифтааст, «Плазма» будааст. Ростӣ, ин ном бароям хеле аҷоиб тофт ва «Луғати забони русӣ»-и Сергей Ожегов «плазма»-ро қисми моеъ маънидод кардааст. Аз ин сабаб ба хулосае омадам, ки «Клуби Плазма» идораи хунсупорист, аммо чун ба ин даргоҳ наздик шудам, дидам, он маркази Интернет будааст."

Иммунитети Тоҷикистон ба вируси инқилоб


Аммо дар ҳамин ҳол, дар нашри ахири рӯзномаҳои «Тоҷикистон» ва «Азия Плюс» ба моҷарои атрофи интиботи презитдентӣ дар Украина таваҷҷуҳ шудааст.
«Азия Плюс» дар сармақолаи худ зимни таҳлили қазияи атрофи интихоботи президентии Украина навиштааст, ки муаллифони хориҷии тарҳи инқилоби Украина оё ин нақшаҳои худро дар Тоҷикистон метавонанд роҳандозӣ кунанд? Муаллиф ба ин суоли худ посух дода навиштааст: "Ба фикрам, ин инқилоб дар Тоҷикистон ғайриимкон аст, зеро дар оғози солҳои навадуми қарни гузашта мардуми Тоҷикистон ин инқилобро аз сар гузаронданд ва ба ин вирус иммунитети устувор доранд." Ба ҷуз ин, менависад муаллиф, таҷриба нишон додааст, ки чунин нооромиҳо дар он кишварҳои собиқи шуравӣ имкон дорад, ки мухолифини ҳукумат ҳадалимкон 30 дарсади райъи мардумро ба худ доранд. Аммо дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон феълан пешоҳанге нест, ки аз сӯи мардум то ҳадди инқилоб пуштибонӣ ёбад, навиштааст ин ҳафтанома.

Аҳзоби камбағалу оҷиз

Ин дар ҳолест, ҳафтаномаи «Наҷот» аз бесарпаноҳӣ ва оҷизии аҳзоби сиёсии Тоҷикистон дар остонаи интихоботи парлумонии ин кишвар изҳори нигаронӣ кардааст: «Акнун дар парлумон ба хулосае омаданд, ки бояд одамони сарватманд депутат шаванд, то ба ин восита шиками мардуми худро сер кунанд. Ҳатто сад фисад боло бардоштани маоши кормандони соҳаи буҷавӣ бесабаб набудааст. Акнун таъсири ин ба баланд шудани гаравпулии муайянгардида барои пешниҳоди номзад ба вакилии парлумон ҳам хоҳад расид. Ҳоло интихобот сар нашуда ғами аз даст додани маблағ аҳзоби сиёсии камбағалро фаро гирифтааст».
XS
SM
MD
LG