Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Газ дар зимистон фаровон мешавад?


Шавкат Шоимов - масъули бахши таъминоти идораи «Тоҷикгаз» - дар пайи бозгашти ҳайати музокиракунандаи ин муассиса аз Узбакистон рӯзи 3 декабр ба радиои Озодӣ гуфт, дар сурати таъмини пешпардохти саривақтии маблағи истифодаи газ идораи гази Узбакистон - «Узтрансгаз» - омода аст ба таври муназзам Тоҷикистонро бо гази табиӣ таъмин намояд. Ин дар ҳолест ки ҷониби Узбакистон бинобар адами пардохти маблағи 2 миллион доллари амрикоӣ ба унвони пешпардохти ҳаққи истифодаи газ барои моҳи декабр як ҳафта боз интиқоли ҳаҷми муқаррарии газ ба Тоҷикистонро коҳиш додааст.

Ба гуфтаи оқои Шоимов бар асоси муқаррароти созишномаи тарафайн миёни ду кишвар ҷониби Тоҷикистон муваззаф буд то аввали моҳи декабри соли равон маблағи истифодаи газро барои моҳи равон ба таври пешакӣ пардохт намояд. Аммо ба далели саривақт ва пурра пардохт нашудани ҳаққи истифодаи газ аз сӯи муштариёни дохилӣ, афзуд оғои Шоимов, «Тоҷикгаз» дар мӯҳлати таъйин шуда натавонистааст қарзи худро дар баробари ҷониби Узбакистон пардохт намояд. Вале гуфта мешавад, дар ҳоли ҳозир, аз маблағи қарзи мавҷуд 300 000 доллари он тавассути «Тоҷикгаз» пардохта шудааст ва қарор аст маблағи боқимонда низ дар рӯзҳои наздик ҳисобӣ шавад.
Намояндаи идораи «Тоҷикгаз» ҳамчунин гуфт, иллати аслии қатъ ёфтани интиқоли газ ба сокинони шаҳри Душанбе дар як ҳафтаи ахир низ ба адами пардохти ҳаққи истифодаи газ аз суи муштариён марбут будааст.
Гуфтанист, Тоҷикистон ҳамасола барои масрафи дохилии худ ба 500- 600 миллион метримукааб гази табиӣ ниёз дорад. Бар асоси омори расмии идораи «Тоҷикгаз» 90 дарсади ин ниёзмандӣ тавассути харидории гази табиӣ аз ҷумҳурии ҳамсояи ин кишвар -Узбакистон бароварда мешавад. Тоҷикистон барои 1000 метри мукааб газ ба Узбакистон 48 доллари амрикоӣ пардохт менамояд.
XS
SM
MD
LG