Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВУХ Русия дар бораи таҳвили назорати марз бо Афғонистон


Сухангуи вазорати умури хориҷии Русия Александр Яковенко дар Маскав гуфт, ки марзбонони тоҷик барои ҳифозати минтақаи марзии Хоруғ, ки ба ихтиёри онҳо гузаштааст, тамоми зербинои лозимро доранд ва ҳама гуна васоиту таҷҳизоташон ба пуррагӣ такмил шудааст.
Александр Яковенко гуфт, масъулияти ҳифозати ин минтақаи марзи аз лиҳози стратегӣ барои Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ муҳим ва ҳифзи садди муассир дар роҳи қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистонро кумитаи марзбонии Тоҷикистон бар уҳда гирифтааст ва барои иҷро шудани ин вазифа марзбонони рус ҳама васоити мавҷуд ва зербинои лозимро дар ихтиёри ҳамтоёни тоҷики худ гузоштаанд.
Ҷониби Русия, бар асоси шароити созишномаи байнидавлатии рузи 16 октябр имзошуда, то ҳол масъулияти ҳифозати 212 километр тули марзи Тоҷикистон бо Афғонистон дар минтақаи Хоруғро, бо шумули 11 застава ва 1 шаҳраки низомӣ, ба марзбонони тоҷик супурдааст.
Қарор аст, то охири сол ихтиёри назорати 100 километри дигари марзи мазкур дар минтақаи марзии Қалъаихумб низ ба марзбонони тоҷик вогузор шавад.
Мирзои Салимпур, Прага
XS
SM
MD
LG