Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳуқуқи Муаллиф" - фаровардаи интишороти "Маориф ва Фарҳанг"


Нуъмон Муқимов, муалифи ин китоб ва раиси ожонсии ҳифзи ҳуқуқи муаллиф дар вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегуяд, агарчанд дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи ҳуқуқи муаллифон мавҷуд ҳаст, аммо ноогоҳии муаллифон аз ҳуқуқи худ ва сатҳи пасти донишҳои ҳуқуқӣ татбиқи муқарраротеро, ки қонун муайян кардааст, мушкил мекунад. Ва таҳияи ин китоб як гуна мусоидат ҷиҳати татбиқи муқаррарот ва хусусан ташреҳи қонуни ҳифзи ҳуқуқи муаллиф мебошад, ки иҷрои ин қонун як шарти муҳими пазируфтани Тоҷикистон ба узвияти Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат ас, мегуяд оқои Муқимов.
Тоҷикистон то кунун санадҳо ва меъёрҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Конвенсияи Берн дар бораи ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва Созишномаи ҷилавгирӣ аз поймолшавии ҳуқуқи моликияти зеҳниро эътироф ва имзо кардааст. Ин дар ҳолест, ки кишварҳои дигари Осиёи Миёна, ба ҷуз аз Қирғизистон, ба ин конвенсия имзо нагузоштаанд.
Аммо ба назари оқои Муқимов, раиси ожонсии ҳифзи ҳуқуқи муаллиф, дар Тоҷикистон қонуни ҳифзи ҳуқуқи муаллиф, ки дар соли 1998 қабул шудааст, бояд мутобиқи шароити феълӣ такмил шавад.
Ба назари раиси ожонсии ҳифзи ҳуқуқи муаллиф, агарчанд ваъи риояти ҳифзи ҳуқуқи муаллиф дар Тоҷикистон тайи чанд соли охир беҳбуд ёфтааст, аммо боз ҳам мушкилоте дар ин замина ҷой дорад. Ба гуфтаи Нуъмон Муқимов умдатан риоят нашудани қонуни ҳифзи ҳифзи ҳуқуқи муаллиф дар фаъолияти матбуоти даврӣ ба мушоҳида мерасад.
Як масъалаи дигари марбут ба ин мавзуъ пардохти ҳадди ақали ҳаққи қалам мебошад.Мутобиқи қарори ҳукумати Тоҷикистон, ҳаққи қалам ё ҳаққи муаллифӣ бояд баробари афзоиши маоши ҳадди ақал ва вобаста ба мизони таварруми пул(инфлятсия) афзоиш пайдо кунад. Вале ин муқаррарот аз ҷониби бисёре аз муассисаҳои интишоротӣ дар аксар маврид риоят намешавад.
XS
SM
MD
LG