Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Суҳбати интернетӣ дар бораи AIDS ва HIV дар Қурғонтеппа


Маркази дастрасӣ ба Интернет, марбут ба созмони AIREX-и шаҳри Қӯрғонтаппа дар рӯзи байналмилалии мубориза алайҳи AIDS бо таъсиси мусоҳибаҳои интернетии ҷавонон ва дар маҷмӯъ сокинони ин шаҳр тасмим гирифт дар роҳи ҷилавгирӣ аз густариши ин беморӣ саҳм гузорад. Ибодулло Олимов, роҳбари маркази AITP Қӯрғонтеппа мегӯяд, дар ин чат-мусоҳибаҳои интернетӣ сокинони ин шаҳр ва навоҳии атрофии он бо сокинони дигар манотиқ, аз ҷумла Кӯлоб, Хорӯғ, Хуҷанд, Конибодом ва Турсунзода ширкат доштанд. Ба гуфтаи ӯ Мария Болтаева, корманди Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Душанбе, ба суоли мусоҳибони интернетӣ дар мавриди вируси норасоии масъунияти бадан посух додаст:
Дар ин мусоҳиба ҷавонон бештар дар мавриди чигуна аз вируси норасои масъунияти бадан эмин мондан, ин беморӣ бо кадом роҳҳо мегузарад, ҳоли ҳозир дар ҷаҳон чӣ қадар одамон ба ин беморӣ гирифторанд ва чӣ миқдор аз ин беморӣ фавтидааст, СММ барои ҷилавгирӣ аз густаришиши ин беморӣ дар Тоҷикистон кадом барномаҳоро пиёда кардааст, суолу ҷавоб карданд.
Оқои Олимов афзуд, баъд аз анҷоми мусоҳибаи интернетӣ бештарини ширкаткунандагон изҳор доштанд, ки қаблан аз ҷузъиёти бемории AIDS ва роҳҳои мушаххаси ҷилавгирӣ аз густариши он маълумоти кофӣ надоштаанд.
Дар ҳамин ҳол Рустам Байрамов, донишҷӯи донишгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа, ки дар ин мусоҳибаи интернетӣ иштирок доштааст, гуфт, дар мавриди роҳҳои ҷилавгирӣ аз густариш ва оқибати сироятшавӣ ба вируси норасоии масъунияти бадан чанде аз маълумоти барояш норӯшанро пайдо карда ва дар ҳамин замина тасмим гирифтааст, онро ба дӯстон ва ҳамсабақони худ низ расонад: "Суоли манн чунин буд, ки инсон ба вируси норасоии маснӯияти бадан чи гунна сироят мешавад ва ба ин суол манн посух гирифтам. Мақсад аз ширкати манн дар ин мусоҳибаи интернетӣ дар он буд, ки чи гунна худро аз сироятшавӣ ба ин вирус эмин нигоҳ дорам."
Ин дар ҳолест, ки масъулони маркази мубориза бо AIDS дар вилояти Хатлон иллати аслии ба вируси норасоии масъунияти бадан сироят гаштани сокинони ин минтақаро дар ноогаҳӣ аз ҷузъиёти ин беморӣ арзёбӣ мекунанд.

Барот Юсуфӣ, радиои «Озодӣ», Қӯрғонтеппа
XS
SM
MD
LG