Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посухи Маҷлиси намояндагон ба Раҳматулло Зоиров


Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба номаи саркушоди раиси Ҳизби сотсиал-демократ Раҳматулло Зоиров, ки номутобиқатии фаъолияти Эмомалӣ Раҳмоновро дар маснади раиси ҷумҳури Тоҷикистон баъд аз 6-уми ноябри соли 2004 зери суол гузошта, ғайриқонунӣ номида буд, посух дода, гуфтааст, танҳо порлумони кишвар ҳаққ дорад, моддаҳои Қонуни асосии Тоҷикистонро тафсир кунад ва қонун қарорҳое, ки дар назархоҳии умумӣ қабул шудаанд, эътибори олии ҳуқуқӣ доранд. Аммо муаллифи нома Раҳматулло Зоиров мегӯяд, аз посухи Маҷлиси намояндагон норозист, зеро дар он саволҳои асосӣ баррасӣ нашуда, шӯъбаи мактубҳои Маҷлиси намояндагон гуфтааст, дарвоқеъ ин масъалаҳо тафсир мехоҳанд, вале ҳаққи муроҷиат барои тафсирро тибқи қонун танҳо президент, ҳукумат ва аъзои маҷлиси миллӣ доранд.
Раҳматулло Зоиров як моҳ пеш дар як нома ба Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон навишта буд, ки тибқи қонуни асосии кишвар мӯҳлати президентии Эмомалӣ Раҳмонов дар 6-уми ноябр ба поён мерасад ва ҳамчунин президенти феълӣ ҳақ нахоҳад дошт, дар интихоботи навбатии президентӣ ширкат кунад. Вакили хоси президент Раҳмонов дар Маҷлиси намояндагон Шермуҳаммад Шоев низ гуфт, ба Зоиров посухи расмӣ дода хоҳад шуд.
Абдуқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG