Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сафари сафири Амрико ба шимоли Тоҷикистон


Сафири Амрико дар Тоҷикистон Ричард Ҳоугленд ва танзимгари барномаҳои Созмони Милал дар Тоҷикистон Уилям Пейтон аз корхонаи маҳбаси шаҳри Хуҷанд, ки ба сохтани аломатҳои ҳушдордиҳандаи зидди минаҳо машғул аст, дидан карданд. Тибқи барномае ки СМ ва Бунгоҳи рушди Амрико сармоягузорӣ мекунанд, маҳбусон дар ин ҷо 2 ҳазор аломати огоҳкунанда аз хатари мина тавлид хоҳанд кард. Маблағи умумии барномаи мазкур 90 ҳазор долларро ташкил мекунад.
Аломатҳои мазкур дар маҳалҳои ҳаммарз бо Ӯзбакистон ҷойгир карда хоҳанд шуд. Ӯзбакистон ба таври якҷониба ва дар ҳоле ки хатти марз муайян ва тасдиқ карда нашудааст, ин маҳалҳоро минакорӣ кард, то аз убури мусаллаҳони исломӣ пешгирӣ кунад. Вале то ҳоло аз таркиши ин минаҳои Ӯзбакистон 69 шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва 66 нафар маъюб шудаанд.
Сафири Амрико дар Тоҷикистон Ричард Ҳоугленд дар ҷавоб ба саволи хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, кишвари ҳамсояи Ӯзбакистон ба барчидани минаҳо аз марз ризоият додааст, вале ҳоло амалан ин корро шурӯъ накардааст ва эҳтимол барои ин ба вақти бештар ниёз дорад.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG