Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се амалдори ноҳияи Панҷакент ба ришвахорӣ айбдор шуданд


Идораи мубориза бар зидди коррупсияи Додситонии Тоҷикистон алайҳи чанд мансабдори баландпояи ноҳияи Панҷакент парванди ҷиноӣ боз кард. Муовини раиси ҳукумати шаҳр, мудири бахши маориф ва сардори пешини шӯъбаи пулиси молиёти Панҷакент барои тороҷи наздик ба 70 ҳазор сомонии буҷа муттаҳам дониста мешаванд. Дилшод Талбаков - як корманди масъули идораи мубориза бар зидди коррупсияи додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, ки Раҳим Каримов - муовини раиси ҳукумати шаҳр, Ҷалолиддин Камолов ва Камол Азимов бо маслиҳати қаблӣ ва бо таҳияи асноди ҷаълӣ ин миқдори маблағро, ки барои атфоли синни мактабии хонаводаҳои фақир пешбинӣ шуда буд, бар манофеи шахсии худ истифода кардаанд.
Оқои Талбаков бо такя ба маълумоти маводи тафтишотии идораи мубориза бар зидди коррупсия мегӯяд, ҷиноёти ба мисли ришва, дуздии амволи давлатӣ ва сӯиистифода аз мақоми хидматӣ дар соли равон дар кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ду баробар афзоиш пайдо кардааст. Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, тайи ин муддат тавассути ин идора хисороти расида ба маблаги 183 миллион сомонӣ ва ҳамчунин чизе бештар аз 15 миллион доллари амрикоӣ ошкор ва ба фоидаи давлат рӯёнида шудааст.
Тибқи иттилои идораи мубориза алайҳи коррупсия як ниҳоди махсус дар додситонии кулли кишвар, ки аз се моҳ ба ин сӯ фаъолият пеш мебарад, ҷароими ришва ва фасод махсусан дар соҳаи
маориф бештар ба мушоҳида расидааст. Ба гуфтаи Дилшод Талбаков, дар ҳоли ҳозир алайҳи мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи ба номи Синои пойтахт барои дуздии 18 ҳазору 372 сомонӣ, мудири бахши маорифи ноҳияи Қубодиён дар вилояти Хатлон, ки бо таҳияи асноди тақаллубӣ бештар аз 95 ҳазор сомониро аз худ кардааст ва ба ҳамин тартиб алайҳи хазинадори шӯъбаи маориф дар ноҳияи Шаҳритус, ки маблағи ҳудуди 31 ҳазор сомонии бӯҷаро бар манфиати шахсиаш истифода кардааст, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Абдуқаюми Қаюмзод
XS
SM
MD
LG