Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзҳои сахти сокинони хурду нодори фурудгоҳи Душанбе


Фурудгоҳи шаҳри Душанбе, ҳамарӯза аз субҳ то субҳи дигар серодам аст. Дар баробари шахсоне, ки ба пешвоз ва ё гусели наздикони худ омадаанд, шумораи аъзами ронандагони таксӣ ва наврасонеро дидан мумкин аст, ки намудҳои гуногуни хизматрасониро ба мизоҷони худ пешниҳод мекунанд. Бо даст, ё ароба расонидани борхалтаҳои вазнин аз золи бағоҷ то мошини мизоҷ, мошиншуйӣ, савдогарии маводи гуногуни ғизо ба монанди донаи офтобпараст, писта, самбӯса ва ғайра, аз қабили корҳоеанд, ки наврасон дар фурудгоҳ ба он шабонарӯз машғуланд. Ҷавонони аз синни 18-сола боло ғолибан ронандаи таксӣ, ё ба сифати посбон кор мекунанд.
Дар фазои фурудгоҳ ҳамеша ин садоҳо ба истилоҳ "танин" меандозанд:

«Самбусада биё, пирожки гарм, нос намегире ака, пирожки чан пул аст - 20 дирам, аз чӣ пухта шудааст, аз картошка ва пиёз.»

Ба он кӯдаконе, ки ба мусофирон барои кашонидани борхалтаҳо кӯмак мекунанд, рӯзҳои фуруд омадани тайёраҳои Маскаву Екатеринбург, Истамбул, Дубай, Машҳад ва ғайра ид аст, зеро ба гуфти бачаҳо, ин мусофирон, борҳои зиёд дошта, на бо пули тоҷикӣ, балки бо асъори хориҷӣ бо онҳо ҳисобӣ мекунанд. Мусоҳиби 10-солаам Шоҳносир мегӯяд: «Багаж мерем, мошино биёян аз уҷа бор мекашем, баъд ба мо 50 дирам, 1 сомон хориҷиҳо бошанд то 50- 100 рубли русӣ медиҳанд.»

Духтарон ҳам дар фурудгоҳ кам нестанд ва гурӯҳ-гурӯҳ чойи гарм ва ё пиставу донаи офтобпараст мефурӯшанд. Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ онҳо мисли бачаҳои навраси дигар шикоят карданд, ки шабҳои бехобӣ ниҳоят хастаанд, аммо чорае надоранд, зеро бояд барои таъмини оилаҳояшон кор бикунанд. Мусоҳибонам духтарони 10-14 сола, ки аз бурдани номҳояшон худдорӣ намуданд, мегӯянд:

"Ҳастанд одамои ғаммедодагӣ, семичка фурурхтестай, ки дар пеши пот хлопушка мепартоян, метарсӣ. Зиндагимон душворай, аз субҳ то шом монда мешавӣ, мехоҳӣ як дақиқа дам гирӣ, лекин намешавад."

"Зиндагимон душворай, зӯрмон омадай, падару модар бояд худашон кор кунанд, аммо мора маҷбур мекунанд."

"Мо дар як хобгоҳи 1 ҳуҷрагӣ 7 кас зиндагӣ мекунем, на хоб рафта мешава, на либос пӯшида."

Ин наврасон ғолибан аз оилаҳоеанд, ки волидонашон бекоранду, фарзандонашонро барои дарёфти ризқу рӯзӣ маҷбур менамоянд ва ё фарзандони онҳоеанд, ки ба муҳоҷират рафтаву барнагаштаанд. Мусоҳибам як духтари 14-сола, ки ҳамроҳи модар ба майдафурӯшӣ машғул аст, гуфт падари майзадааш оиларо саробонӣ намекунад ва баръакс, пулҳои ҷамънамудаи ӯро, ки тамоми оиларо таъмин менамояд, медуздад. Мусоҳибам, мегӯяд борҳо қасди аз хона фирор намудан кардааст аммо:

«Оилаамонро ман худам таъмин мекунам. Падарам фикри оиларо накарда, танҳо май менӯшад. Очам касалай, асабонӣ аст. Зиндагӣ чунон душворай, ки мегум ай хона бубром брам, некӣ бо фикри оча мекунум.»

Саттор як навраси дигар, ки ҳамтақдири ин ҳамсолонаш аст ва ба хотири таъмини оилаи 8 нафараашон бояд ҳадди аққал ҳудуди 10 сомонӣ даромад намояд, гуфт, кӯшиш мекунад, дар баробари мошиншуйи сангин ҳам бошад таҳсилро тарк накунад:
«Ман худама маҷбур мекунам, ки дар баробари кор таҳсил кунам. Бо баҳои 5 хонам, чунки дар оянда мехоҳам шахси пулдор шавам, то ин ки модарамро таъмин кунам.»

Наврасон ҳар яке мехостанд, дарди дилашонро иброз намоянд, дардҳои онҳо ба ҳам монанд буданд, қашоққӣ, нодорӣ, гуруснагӣ, азобу шиканҷа ва айёми на ширин балки талхи тифлӣ. Мавриди лату кӯб қарор гирифтан аз ҷониби кормандони полис яке аз шикояҳои рақами аввали кӯдакон буд:

«Меқапан самбӯса, писта семичкоҳота мегиран, агар рафта гӯем, ки баргардонанд боз мезананд мора.
-Худо рӯзҳое, ки милисаҳо ба мора нишон метиян ҳеҷкаса нишон натия. Сур мекунанд мезананд, ба даст мезананд ва ба ҳар чӣ, мегурезем, ки назананмон.»


Тибқи Эъломияи байналмилалии ҳуқуқи кӯдак, тифл аз ҳамагуна корҳои вазнини ҷисмонӣ, ки ба инкишофи ақлониву ҷисмии ӯ зарар мерасонад, ҳамчунин аз мавриди лату кӯб қарор гирифтан аз ҷониби ҳамагуна ашхос, ҳуқуқ ба ҳимояро дорад ва давлатҳои аъзо ӯҳдадоранд, ки риояи ин ҳуқуқро барои онҳо таъмин намоянд. Тоҷикистон ҳам 26 июни соли 1993 зери ин эъломия имзо гузошта, аҳд додааст, ки дар роҳи риояти ҳуқуқи атфоли кишвар талош ба харҷ медиҳад.
XS
SM
MD
LG