Пайвандҳои дастрасӣ

Имзои созишномаҳо миёни Душанбе ва Маскав


Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон мегӯяд, пас аз ҳамоиши нахустини маҳофили тиҷории Русияву Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе миёни палатаҳои савдои ду кишвар дар заминаҳои энержӣ, кишоварзӣ ва саноати сабук чанд санади ҳамкорӣ имзо шудааст. Ҳамоиши муштараки тоҷирони Русияву Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе доир гардид ва дар он як ҳайъати 50 нафараи соҳибкорону тоҷирон ва раҳбарони муассисаву корхонаҳои муштараки Русия ба намояндагӣ аз 19 минтақаи саноатии ин кишвар ширкат намуданд.
Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, муовини сарвазири Тоҷикистон бо муҳим хондани натоиҷи ин ҳамоиш гуфт, ҳамакнун заминаи мусоид барои тақвияти ҳамкориҳои иқтисодии миёни Тоҷикистону Русия фароҳам омадааст. Ба гуфтаи оқои Тураҷонзода, тоҷирону сармоягузорони Русия итминон ҳосил намуданд, ки фазои иқтисодиву сиёсии Тоҷикистон барои сармоягузорӣ ва тавсиаи ҳамкориҳои иқтисодӣ матлуб аст. Русия аз лиҳози табодули мол ва равобити иқтисодӣ шарики муҳими Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Тибқи омори вазорати иқтисоди Тоҷикистон, ҳаҷми табодули мол миёни ду кишвар дар 9 моҳи соли ҷорӣ 287 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст.
Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG