Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкатҳои мушкилзо ва ё мушкилкушоёни муҳоҷирини корӣ?


Зимни як нишаст дар шаҳри Душанбе, ки бо ибтикори Созмони Ҷаҳонии Кор ва вазорати меҳнати Тоҷикистон доир шуд, масоили мушкилоти муҳоҷирини кории тоҷик дар кишварҳои Осиёи Миёна ва Русия баррасӣ шуд. Ба танзим даровардани фаъолияти ширкатҳое, ки ба сафарбарии нирӯҳои корӣ ба хориҷ аз Тоҷикистон шуғл доранд, ба назари ширкаткунандагони ин баҳс яке аз масъалаҳои умда дар ин робита мебошад.
Ҷамшед Қуддусов, ҳамоҳангсози барномаи Созмони Ҷаҳонии Кор мегӯяд, ширкатҳои хусусии машғули ин кор, умдатан дар фаъолият қавонинро сарфи назар мекунанд. Бисёре аз ин ширкатҳо бо баҳонаи таъмин бо ҷойи кор, мардикорони тоҷикро бар ивази ҳаққи хидмат, ба Русия ва дигар кишварҳои муштаракулманофеъ бурдаанд, вале натавонистаанд, онҳоро ба кор, ва иқоматгоҳ таъмин кунанд. Ва зарари молие, ки ба бисёре аз ин муҳоҷирин расидааст, ҷуброн нашудааст.

Оқои Қуддусов мегӯяд: "Ширкатҳое, ки ба интиқоли муҳоҷирон машғуланд, бо ягон муҳоҷир шартнома намебанданд, аммо қонуни Тоҷикистон талаб мекунад, ки ин ширкатҳо бояд бо мизоҷони худ ҳатман шартномаи меҳнатӣ банданд. Масалан ширкати русӣ аз ин ширкати тоҷикӣ дархост мекунад, ки ба мо чунин корманд зарур аст барои мо пайдо кун ва мо пулашро мепардозем, аммо ҳоло чунин нест."

Бино ба маълумоти идораи давлатии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон феълан 16 чунин ширкати хусусӣ, ки муҷҷавизи сафарбарии муҳоҷирини корӣ ба хориҷро доранд, амал мекунад. Ва масъулияти назорат бар фаъолияти онҳо ба дӯши хадамоти миллии муҳоҷират вогузор шудааст. Бисёре аз ин ширкатҳо ҳатто маҳал ва дафтари мушаххаси кор надоранд ва масъулини хадамоти муҳоҷират мегӯянд, дар воқеъ фаъолияти ин ширкатҳо ба тақозои қавонини ҷорӣ мутобиқ намебошад. Ба гуфтаи масъулини хадамоти мазкур, онҳо барои бозпас гирифтани иҷозаи фаъолияти ин ширкатҳо ба вазорати кор пешниҳод ироа кардаанд.

Бой Раҷабов, мудири шӯъбаи хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон: "Хадамоти муҳоҷират аз кори имрӯзаи чунин ширкатҳо қаноатманд нест, мо ба вазорат муроҷиат кардем ва гуфтем, он ширкатҳое, ки доир ба фаъолияташон ба мо ҳисобот надоданд, муҷҷавизҳояшон бозхонда шавад."

Аммо дар ҳамин ҳол Саид Ҷалолов, сардори ширкати "Тоҷикхориҷакор", яке аз ширкатҳое, ки ба сафарбарии нерӯҳои корӣ машғул аст, мегӯяд, ин ширкат ҳамеша қавонинро риоя кардааст ва тамомии касоне, ки ба хориҷ фиристодааст, ба кору иқомат таъмин шудаанд: "Аз соли 2001-ум фаъолият дорем ва беш аз ду ҳазор нафарро то имсол ба кор равон кардем ва онҳое, ки фиристодем, хуб бозгаштаанд."

Аммо ба назари Раҷабов, масъули идораи хадамоти муҳоҷират як мушкили ширкатҳои тоҷикӣ дар ин замина адами мавҷудияти заминаҳои қонунии фаъолият ва қарордодҳои он ширкатҳо бо корхонаҷоти махсусан Русияст. Зеро корхонаҳои ин кишвар дар аксари маврид қарордоди бо ширкати тоҷикистонӣ доштаашонро иҷро намекунанд. Ва ё на ҳамеша музди кори муҳоҷирин пардохта мешавад ва ё дар бархе мавридҳо ҳам камтар аз он чӣ пардохта мешавад, ки дар натиҷа ширкатҳои тоҷикӣ имкони ҷуброни зарари муҳоҷиринро наметавонанд дошта бошанд. Ба назари оқои Раҷабов имзо шудани шартномаи миёни Русия ва Тоҷикистон имкон дорад, ин мушкилро каме осон кунад.
Аммо ин ҳама баҳсу талош ва пешниҳоди лағви муҷҷавизи фаъолияти ширкатҳои интиқолкунандаи нирӯи корӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки мушкилоти муҳоҷирин ҳамчунон идома дорад ва изофа бар ин додгоҳ то ба ҳол даъвои бисёре аз афродеро, ки гӯли ин гуна ширкатҳоро хӯрдаанд, қонеъ накардааст. Ва ё агар кардааст, то ҳанӯз ширкатҳо ҷуброни зарари расонда ба афродро пардохт накардаанд.
XS
SM
MD
LG