Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марг дар гарданаи Шаҳристон


Се сокини ноҳияи Панҷакент, бо шумули намояндаи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон Амирқул Норбоеви 43-сола шаби 27 бар 28-уми ноябр савори мошини сабукрав дар гарданаи Шаҳристон монда, ба ҳалокат расидаанд.
Ба иттилоъи идораи умури дохилаи ноҳияи Айнӣ, сокинони Панҷакент, Ҷӯрабек Қурбонов, Амирқул Норбоев ва ронандаи автомобил бо исми Ҳаким ҳангоми бозгашт аз Хуҷанд ба Панҷакент дар мавзеъи Чашмаи Дарози ағбаи Шаҳристон аз заҳри сӯхти сӯзишвории мошин ҷонҳои худро аз даст додаанд.
Кӯчиши барф бар роҳи мошингард сабаби шабмонии онҳо дар ағба шудааст. Дар нимароҳмондагон барои наҷот аз сардӣ худро дохили автомошина гирифта, тамоми шаб муҳҳарики онро фаъол мондаанд ва субҳгоҳон ҷисми беҷони онҳоро даруни мошин беҷон ёфтаанд.
Гарданаи Шаҳристон роҳи ягонаи нақлиёти мошингард байни Хуҷанд ва водии Зарафшон маҳсуб меёбад. Бо шурӯъи фасли сармо ҳарчанд ин роҳ баста нашудааст, аммо ба иллати боришот ва барфкӯчиҳои пай дар пай равуои нақлиёт дар ин масир номуназзам сурат мегирад.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Суғд
XS
SM
MD
LG