Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзноманигори маъруфи Тоҷикистон даргузашт


Рӯзи 28-уми ноябр журналисти номии Тоҷикистон Мазҳабшоҳи Муҳаббатшоҳ аз олам чашм пӯшид ва маросими видоъ бо Мазҳабшоҳи Муҳабатшоҳи 68-сола қабл аз зӯҳри якшанбе дар манзили ӯ баргузор гардид ва дар он наздикону ҳамкорон, шоирону адибон ва намояндагони маҳофили матбуотии Тоҷикистон ширкат намуданд.
Рӯзноманигор ва нависандаи тоҷик Атои Мирхоҷа гуфт, шодравон барои мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ дар канори Лоиқ Шералӣ заҳматҳои фаровон ба харҷ доданд ва имрӯз бо даргузашти Мазҳабшоҳи Муҳаббатшоҳ фарҳангу забони тоҷикӣ баъд аз сари Лоиқ дуввумин талафоти сангинро мутаҳаммил шуд.
Адибу хабарнигори тоҷик Имомназари Холназар хидмати Мазҳабшоҳи Муҳаббатшоҳро дар пешрафти матбуоти навини тоҷик ба унвони як таҳаввули инқилобӣ талаққӣ намуд ва афзуд, бо рафтани ин рӯзноманигори донишманд то дергоҳ ҷояш дар майдони матбуот ва журналистикаи тоҷик холӣ хоҳад монд.
Мазҳабшоҳи Муҳаббатшоҳ беш аз 40 соли ҳаёти худро сарфи хидмат ба матбуоти тоҷик намудааст. Замони сармуҳаррири рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» будани вай ин рӯзнома ба маҳбубтарин нашрияи Тоҷикистон табдил ёфта буд. Дар баробари фаъолияти рӯзноманигорӣ Мазҳабшоҳи Муҳаббатшоҳ як замон ба ҳайси ёвари раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ адои вазифа намудааст.
Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG