Пайвандҳои дастрасӣ

Русия дар соли равон 3130 шаҳрванди Тоҷикистонро ихроҷ кардааст


Сардори шӯъбаи шиноснома ва раводид дар сарраёсати умури дохилии вилояти Маскав Николай Скорик эълон кард, ки Русия аз аввали соли 2004-ум то ҳоло 11 ҳазор нафарро бо иттиҳоми риоя накардани қоидаҳои зист аз қаламрави худ хориҷ кардааст ва дар ин миён бештарин шумораро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил додаанд.
Скорик гуфт, аз ин 11 ҳазор 3 ҳазору 130 нафар шаҳрвандони Тоҷикистонанд. Сипас, аз рӯи теъдод, шаҳрвандони Ӯзбакистонанд -- 2 765 нафар, баъд Украина -- 1 656 ва Молдова -- 1 606 нафар.
Ҳисобҳои пешина шумораи муҳоҷирони аз Русия ихроҷшударо дар соли равон ҳамагӣ 774 нафар нишон медоданд. Ба назар мерасад, ки қисми зиёди депортатсияҳо аз чашми матбуот пинҳон мондааст. Муҳоҷирони тоҷик борҳо шикоят кардаанд, ки ҳатто дар ҳоли дуруст будани ҳамаи асноди зист ва кори онҳо низ, мақомоти рус онҳоро аз Русия меронанд.
Салими Аюбзод, Прага
XS
SM
MD
LG