Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамон боз қаҳрамон шуд


Мусобиқаи ҷумҳуриявии теннисбозони рӯи миз, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, бо пирӯзии варзишгарони вилояти Суғд ба анҷом расид. Ин мусобиқа бо ширкати 24 нафар теннисбозони беҳтарини тоҷик дар муҷтамаъи варзишии «Юбилейний» тайи се рӯз идома кард. Дар сабқати занони теннисбоз Зулфинисо Сайидолимова - устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ ҷойи аввалро ишғол намуд. Вай дар ҳамаи ёздаҳ бозӣ бар рақибони худ бо натиҷаи якхелаи 4 бар 0 пирӯзӣ ба даст овард.Теннисбози маъруфи тоҷик Зулфинисо Сайидолимова дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт бист сол инҷониб ба ин навъи маъмули варзиш шуғл меварзад ва ба дастовардҳои назаррас, аз ҷумла ду бор ба дарёфти унвони қаҳрамони тенниси рӯи мизи Иттиҳоди Шӯравӣ сазовор гаштааст.
Байни мардон теннисбози моҳир Акбар Яҳёев натиҷаи беҳтарин ба даст овард. Вай дар ҳамаи ёздаҳ бозӣ бар рақибонаш дастболо шуд ва барандаи мусобиқот гашт.
Нарзуллоҳи Латиф
XS
SM
MD
LG