Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додани шиноснома ба муҳоҷирон дар Русия ҳанӯз зери суол аст


Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон ҷиҳати таъмини муҳоҷирини тоҷик бо паспортҳои хориҷӣ дар вилояту шаҳрҳои Русия як ҳайъатро ба Русия фиристодааст. Маҳмадшоҳ Илолов - вазири кор ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон мегӯяд, бо дастури президенти кишвар Раҳмонов бо мақсади ҷилавгирӣ аз ҳар гуна масрафот тасмим гирифта шуд, ки ба муҳоҷирин дар маҳали кору зиндагиашон шиносномаи хориҷӣ дода шавад. Шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия тибқи омори расмӣ беш аз 400 ҳазор нафар аст, аммо манобеъи дигар онҳоро беш аз як миллион нафар медонанд.
Дар ҳамин ҳол вакили Маҷлиси Намояндагон Юсуф Аҳмадов гуфт, миёни мақомоти ду кишвар дар масъалаи ҳарчӣ зудтар созмон додани марказҳои паспортдиҳӣ гуфтушунид идома дорад. Ва аммо ба гуфтаи вазири кор ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон Маҳмадшоҳ Илолов, ягона мушкиле, ки дар ин роҳ вуҷуд дорад, ризояти вазорати умури дохилаи Русия мебошад. Вай афзуд, танҳо пас аз иҷозати ин мақоми Русия шаҳрвандони тоҷик дар ин кишвар соҳиби паспорти хориҷӣ хоҳад шуд.
Аммо оқои Илолов дар мавриди мавҷуди навоқис дар паспортҳои хориҷие, ки ба шаҳрвандони тоҷик дода шудааст, изҳори бехабарӣ намуд дар ҳоле, ки тибқи иттиллои мақомоти фурудгоҳи Душанбе 35 паспорти хориҷӣ бо нуқсҳои техникӣ аз шаҳрвандони кишвар мусодира шудааст.
Мирзонабии Холиқзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG