Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушкилии дастрасӣ ба маълумот: Кӣ гунаҳгор?


Салоҳиддин Исомиддинов - мушовири аршади раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 26 ноябр зимни як нишаст бо донишҷӯёни факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатӣ ва намояндагони васоити ахбори оммаи ин кишвар гуфт, феълан дар Тоҷикистон иллати аслии мушкили дастрасии хабарнигорон ба манбаъҳои иттилоъ дар он аст, ки як гурӯҳи мансабдорони мақомоти давлатӣ аз саҳми журналистика дар рушди давлату давлатдорӣ огаҳӣ надоранд. Ба гуфтаи ӯ, дар мавриди забти иттилоъ аз ин қабил манобеъ бархӯрди касбии журналист ба муҳит ва шахсияти сарчашмаи хабар нақши муҳимро касб мекунад:

"Дар байни мансабдорон кам нестанд нафароне, ки гумон мекунанд ин ё он журналист ба онҳо муроҷиат кард барои иттилоот, шояд нияти бад дорад. Лекин дар асл ба гумони ман ин хел нест. Агар журналист ҳунари муомоларо, ҷанбаҳои психологӣ ва фарҳангиро хуб донад,ин гуна ашхосро барои додани иттилоъ моил карда метавонад."

Оқои Исомиддинов ҳамчунин изҳори нигаронӣ кард, ки дар баъзан маворид хабарнигорон мушкили дастрасӣ ба манбаъҳои иттилоъро ба фармоиши роҳбарият ва масъулони хукумати Тоҷикистон иртибот медиҳанд. Дар ҳамин замина ӯ афзуд, раиси ҷумҳури кишвар дар аксар нишастҳо масъулони мақомоти давлатиро гӯшрас месозад ва бо ин далел онҳоро мавриди интиқод қарор додааст, ки аз хабарнигорон канораҷӯӣ ва дар мавриди расонидани иттилои зарурӣ ба васоити ахбори омма худдорӣ мекунанд.
Дар ин нишаст мушовири аршади раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз фаъолияти нигаронкунанда, инчунин сифати матолиби васоити ахбори оммаи кишвар бо шумули давлативу мустақил ёдрас шуд ва ин иллатро ба омодагии касбии хабарнигорон марбут донист.

Дар ҳамин ҳол, Асадулло Саъдуллоев - устоди факултаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гуфт, феълан шароити заъифи моливу техникии факулта имкони омодагии хабарнигорон дар сатҳи заруриро фароҳам намеорад.
Вале дар ҳар сурат, мегӯяд ӯ ман фикр мекунам дар шароити феълии кишвар нашру пахши далелҳо дар васоити ахбор ба сатҳи пасти касбии хабарнигорон иртиботи зиёд надорад:

"Дар Олмон марказҳои иттилоотӣ ду ҷонишин доранд, ки яке мустақиман дар назди ҳукумат мешинад, дигаре дар идораи марказ. Ва оне, ки дар назди ҳукумат мешинад, вазифадор аст, ки ҳар ҳафта, рӯзҳои душанбе, чоршанбе ва ҷумъа барои журналистон конфронси матбуотӣ баргузор намояд ва ҳамаи ахбори заруриро пахш намояд. Азбаски дар кишвари мо ҳамин таҷриба нест, азбаски роҳбарони маҳомоти иттилоотии ҳукуматии мо бо журналистон хеле кам вомехӯранд, журналистон наметавонанд сарчашмаҳои иттилоро мустақиман аз масъулони мақомоти давлатӣ дастрас кунанд, аз ин рӯ ба овозаҳову суханҳои ғайбатомез такя мекунанд, ки ин хеле бад аст."

Оқои Саъдуллоев васоити ахбори оммаи Тоҷикистонро аз он нигоҳ заиф унвон кард, ки дар бештарин маворид ахбори хориҷи кишварро хеле осон аз шабакаи Интернет истифода намуда ва аз ҳаводиси муҳими атрофи худ дар дохили кишвар ҳатто хабари кӯчаке омода намесозанд.
Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон теъдоди зиёди васоити ахбори электрониву чопӣ фаъол аст ва тибқи қонунгузориҳои ин кишвар журналистон дар мавриди дастрасӣ ва пахши иттилоъ аз ҳама гуна мақомот, ба ҷуз сирри давлатӣ мамнӯъият надоранд.
XS
SM
MD
LG