Пайвандҳои дастрасӣ

Нигаронии сафири Амрико аз мушкилоти "Рӯзи Нав"


Ричард Ҳоугленд сафири Иёлоти Мутаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон, дар мавриди ҳафтаномаи "Рӯзи Нав" гуфт, ҳукумати Тоҷикистон бояд масъалаи марбут ба ин рӯзнома, ва роҳҳи ҳали онро рӯшан намояд. Сафорати Иёлоти Мутаҳида дар Душанбе бо пахши як баёния аз мушкилоти пешомада дар баробари "Рӯзи Нав" изҳори тааcсуф намуд ва боздошти 15 ҳазор нусхаи шумораи рузномаро, ки дар дар Бишкек ба нашр расид фишор бар озодии сухан номид.

Оқои Ҳоугленд дар сӯҳбати ихтисосӣ бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт:

"Ман дар баёния ишора кардам, ки ҳар ду ҷониб паси мизи гуфгӯгу нишинанд, моҳияти мушкилро муайян ва роҳи ҳалро пайдо кунанд, ин муҳим мебошад. Тақрибан даҳ рӯз қабл ҳангоме ки ёвари муовини вазири хориҷаи Иёлоти Муттаҳида Лаура Кеннедӣ бо президенти Тоҷикистон мулоқот дошт, масъалаи ҳафтаномаи "Рӯзи Нав" баҳс шуд. Ахиран дар яке аз мулоқоте, ки бо раиси ҷуҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов доштам, ҷаноби президент роҷеъ ба вазъи матбуоти Тоҷикистон гуфт, ки феълан дар ин кишвар беш аз 300 нашрияи озод вуҷуд дошта ва даҳҳо радио ва телевизионҳои мустақил фаъолият дорад. Рӯшан аст, ки на ҳамаи ин нашрияҳо фаъол мебошанд, вале бахши аъзами онҳо нашр мешавад."

Дар расидагӣ ба ин суол, ки агар мақомоти марбутаи Тоҷикистон нисбати "Рӯзи Нав" ва нашрияҳои озод фишору таъқибро ҳамчунон идома диҳанд, ҳукумати Иёлоти Муттаҳида ба унвони кишвари пуштибони демократия метавонад, ба ҳукумати Тоҷикистон фишор орад, то ин ки мавқеашро тағйир диҳад, оқои Ҳоугленд гуфт:

"Бояд бигӯям, ки муносиботи Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон дар ҳар масъала дӯстона аст ва табиист ҳолатҳое пеш меояд, ки дар баъзе мавридҳо ҷонибҳо назари хуш надоранд ва ё агар печидагие пеш омад, ҳатман ба таври кушоду рӯшан дар пайи ҳалли он хоҳанд кӯшид. Аз ёд набояд бурд, ки муносиботи Амрикову Тоҷикистон дар ҳар бахшу риштаҳо дӯстона идома дорад. Ва албата Иёлоти Муттаҳида дар ҳолатҳое масалан монанд дар Украина, ки ҳукумат амале анҷом медиҳад, ки кишвар ба бӯҳрони печида рӯ ба рӯ мешавад, мавқеи худро рӯшан хоҳад кард. Аммо дар ҳоли ҳозир миёни ҳукумати Амрико ва Тоҷикистон чунин вазъ вуҷуд надорад."

Оқои Ҳоугленд дар поёни сӯҳбат гуфт, рӯзи ҷумъа 26 октябр бо вазири хориҷаи Тоҷикистон Талбак Назаров мулоқот ва роҷеъ ба масъалаи ҳафтаномаи "Рӯзи Нав" низ сӯҳбат мекунад.
XS
SM
MD
LG