Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гуфтушуниди нав дар атрофи фурудгоҳи Айнӣ


Вазири дифоъи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев ва сарфармондеҳи нирӯҳои ҳавоии Русия Владимир Михайлов дар як мулоқот дар Душанбе масъалаи ҷо додани ҷангии Русияро дар фурудгоҳи низомии Айнӣ, 15-километрии шаҳри Душанбе баррасӣ карданд.
Дар чаҳорчӯби тавофуқоти ахир дар робита ба таъсиси пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон, интизор меравад, соли 2005-ум чархболҳо ва ҷангандаҳои русии мустақар дар Тоҷикистон аз фурудгоҳи ҳавоии Душанбе ба фурудгоҳи низомии шаҳраки Айнӣ кӯчонида шаванд.
Нерӯҳои дифоъи зидди ҳуҷуми ҳавоии Тоҷикистон моҳи апрели соли 1995 дар заминаи нерӯҳои ҳавоии собиқ шӯравӣ ташкил шудаанд ва дар таъмини он бо таҷҳизот умдатан Русия ба Тоҷикистон кӯмак намудааст. Аммо то кунун ин нерӯҳои Тоҷикистон системаҳои муосири алоқаву оташафканӣ дар ихтиёр надорад ва дар назорати қаламрави фазоии ин кишвар аз системаҳои кӯҳнаи истеҳсоли Русия истифода мебаранд.
Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG