Пайвандҳои дастрасӣ

Як бозии дигар Қаҳрамони Тоҷикистонро муайян мекунад


Дастаҳои футболи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, довталабони унвони қаҳрамони футболи Тоҷикистон дар соли 2004-ум, дар даври 35-уми мусобиқот, ки шоми чоршанбе-24-уми ноябр ба поён расид, пирӯзӣ ба даст оварданд. "Регар-ТадАЗ" дар варзишгоҳи «Политехникум»-и шаҳри Душанбе дастаи ССКА ё худ Бошишгоҳи марказии варзишии низомиёни вазорати дифоъи Тоҷикистонро бо ҳисоби 4 бар 0 шикаст дод.
«Вахш» низ дар меҳмонӣ бар «Авиатор»-и Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби 2 бар 0 ғалаба кард. Ба ин тартиб қабл аз бозиҳои даври охирини мусобиқа «Регар-ТадАЗ» бо 83 хол дар садри ҷадвал қарор дорад. Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи «Регар-ТадАЗ» дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт барои муваффақ шудан ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон имкони хуб дорем ва кӯшиш ба харҷ медиҳем, то дар бозии охирин пирӯзӣ ба даст орем.
«Вахш» бо 82 хол дар ҷойи дуюм мебошад. Тақдири медали тиллои мусобиқот дар даври охирин, рӯзи якшанбе, 28 -уми ноябр ҳал хоҳад шуд. «Регар-ТадАЗ» дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо БДА - Бозрасии давлатии автомобилӣ, ки дар ҷадвал бо 52 хол ҷойи панҷумро ишғол мекунад, рақобат хоҳад кард. "Вахш" дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд бо дастаи «Хуҷанд», ки бо 60 хол дар ҷойи чаҳорум қарор дорад, қувваозмоӣ хоҳад намуд.
Нарзуллоҳи Латиф, Душанбе
XS
SM
MD
LG