Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фирори олимон аз Фарҳангистони Улум


Аммо бо фурӯпошии шӯравӣ ва хоса шурӯъи ҷанги дохилӣ Фарҳангистони улум ва соири муассисаҳои илмӣ ба назар як ниҳоди нодаркор ва изофӣ дониста мешуд ва маблағгузорӣ пайваста ба ин бахш коҳиш ёфт. Мирзо Аҳмадов, саркотиби илмии Фарҳангистони улум мегӯяд, қабл аз ҳар чиз системаи муназзами дарёфти иттилооти илмӣ аз миён рафт:

"Академияи Улум дар ин пас аз даҳ соли истиқлол бисёр рӯзҳои сахтро аз сар гузаронд. Қаблан Академияи Улуми мо ба тамоми низоми улуми шӯравӣ пайваст бошад, ин пайвастагӣ аз байн рафт ва академияи мо ба маънои томаш мустақил шуд. Вале ин мустақилӣ боиси заиф шудани ҷиҳати моддиву техникии илм шуд. Дигар ин ки таҷҳизоти лозим барои корҳои илмӣ дигар барои мо оварда намешуд ва он чизе, ки доштем оҳиста-оҳиста кӯҳна шуданд."

Вазъи ногувори фаъолияти олимон ва Фарҳангистони улум боиси нигаронии ҳукумати Тоҷикистон шудааст, ки ахиран шояд баъди эълони истиқлолият бори нахуст амалкарди ин муассиса дар маҷлиси ҳукумат баррасӣ ва аз он шадидан интиқод шуд. Аммо ман аз худи олимон мепурсам, ки оё вазъи бӯҳронии пешомада дар муассисаҳои илм ҳамчунон боқист ва ё беҳтар шудааст. Доктор Аскаралӣ Раҷабов мудири шӯъбаи пажӯҳишгоҳи таърих ва мардумшиносӣ:

"Нерӯи ақлонии кишвар агар муназзам рушд нанамояд, оянда ҳатто гуфтан мумкин аст, ки тақдири Тоҷикистон ҳамчун кишвари тозаистиқлол ва ҳамчун давлат мумкин зери хавф монад. Барои он ки дурнамои кишвар бо нерӯҳои ақлонӣ дар иртибот аст."

Дар қарори ҳукумати Тоҷикистон омадааст, ки дар шароити феълӣ нақш ва масъулияти Фарҳангистони Улум низ дар ҷиҳати аз ҷумла татбиқи амалии дастовардҳо ва фанновариҳои навин бояд афзуда шавад, ки то кунун ба эътиқоди мақомот кори каме дар ин замина сурат гирифтааст. Аммо оқои Аҳмадов саркотиби илмии Фарҳангистони Улум мегӯяд, аз як ҷониб камбуди имконот дар заминаи анҷоми озмоишҳои илмӣ домангири олимон аст. Ва аз ҷониби дигар татбиқи фанноварӣ дар тавлидот ва татбиқи барномаҳои назарии олимон кори Фарҳангистони улум нест. Ва ба ин масъала қабл аз ҳама бояд давлат манфиатдор бошад. Ва ба манзури бозорёбӣ ва ташхиси аҳамияти дастовардҳои олимон бояд ниҳодҳои махсуси давлатӣ манфиатдор дошта бошад:

"Масъалаҳои ҷорӣ кардани дастовардҳои илмӣ вазифаи академия нест, бояд дар давлати мо муассисае бошад, ки ба ин кор машғул бошад. Вале мутаасифона ҳамин чиз нест ва худи кормандони илмӣ маҷбуранд, ки ҳам кор баранд ва ҳам барои дар амал татбиқ кардани онҳо ҷустуҷу кунанд, ки ин ҳам як кори иловагиву заҳматро талаб мекунад."

То кунун ба гуфтаи масъулони Фарҳангистони Улуми Тоҷикистон бо вуҷуди мушкилоти фаровон кашфиётҳо ва дастовардҳои муҳими илмие низ ҳосил кардаанд, ки дар амал низ татбиқ шудааст, вале тавре гуфта шуд, дастовардҳои илмӣ бозор надорад. Агар корхонаҳо ва фабрикот фаъол бошад, имкони татбиқи дасторвардҳои илмӣ низ фаровон хоҳад шуд. Мисли он, ки олимони тоҷик ахиран дар заминаи беҳтар кардани сифати алюминиюм кашфиёте карданд, ки Корхонаи алюминиюми тоҷик (ТадАЗ) онро харидорӣ карда ва дар амал татбиқ кардааст, ки бар асари он ҳамасола Тоҷикистон 1 миллион доллари изофӣ суд мебарад.

Агар мегӯяд, саркотибии илмии Фарҳангистони Улум агар тамоми мутахассисон ва олимоне, ки дар ин ҷо кор мекарданд, дар сари кори худ боқӣ мемонданд, имкон дошт, илми тоҷик дастовардҳои бештаре дошта бошад. Ин ҳама дар ҳолест бар асари мушкилоти иқтисодӣ бештар аз 50 дарсади кормандони Фарҳангистони Улум тайи даҳ соли охир корро тарк гуфтаанд.
Мирзо Аҳмадов: "Дар академия беш аз чаҳор ҳазор нафар кор мекарданд ва мутаасифона баъди ин ҳодисаҳо, ҷанги дохилӣ, шумори кормандони академия хеле кам шуд ва ҳоло теъдоди кормандони илмӣ, умуман кормандони академия, тақрибан 1700 нафар аст. Аз инҳо беш аз 700 нафарашон кормандони илмӣ ҳастанд. Хушбахтона имрӯз донишмандоне, ки имрӯз кор мекунанд, бо ҳама душвориҳо кор накарда, дар муассисаҳои илмӣ корро давом медиҳанд, яъне хавфи аз байн рафтани академия вуҷуд надорад."

Ва дар пайи ин ба суроғи ҳоли олимони ҷавон меравам, то бубинем дар чанд соли баъд илми Тоҷикистонро чи вазъе интизор аст. Ин ҳама дасторвардҳое, ки баршумурда шуд, маҳсули меҳнати касонест, ки унвонҳои донишёрӣ ва доктории худро дар Маскав ва Ленинград пушти сар гузошта ва дар пушти марҳамати шӯравӣ. Аммо акунун чӣ? Искандар Сулаймонов як аспирант, ё донишёри Донишгоҳи омӯзгорӣ мегӯяд, мо аксари вақти худро сарфи талош барои таъмини шароити маишати хонаводаамон мекунем, на барои таҳқиқот ва ё омӯзиши мавзӯи кори илмӣ. Зеро ҳуқуқи моҳонаи мо ба ҳеҷ ваҷҳ барои таъмини рӯзгор кофӣ нест: "Мо вақти худро бештар барои зиндагиро ба сомон овардан сарф мекунем, на ба корҳои илмӣ."

Ба гуфтаи олимони ҷавон, ки дар ҳалқаи онҳо дар кафедраи донишгоҳ нишаста будам, як мушкили умдаи онҳо дар роҳи анҷоми корҳо ва таълифи рисолаҳои илмиашон дастрасӣ надоштан ба адабиёт ва сарчашмаҳоест, ки навгониҳои илмии хориҷиро дар бар бигирад. Ба гуфтаи онҳо солҳост, ки адабиёти илмии ҷаҳон ва хусусан дасторвадҳои навини илм ба тоҷикӣ тарҷума ва нашр намешавад ва хусусан барои онҳое, ки дар соҳаи илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ кор мебаранд, ноогаҳӣ аз навигариҳои илмӣ, бисёр мушкил анҷом мешавад. Дар ин миён танҳо роҳи дастрасӣ ба сарчашмаҳои илмии навин интернет боқӣ мемонад, ки оё донишёрони тоҷик низ ба он дастрасии комил надоранд.

Аммо Алоҳида Холова як олими ҷавони дигар, ки ба сӯҳбати мо дар бораи мушкилот гӯш медиҳад низ ба сӯҳбат ҳамроҳ мешавад. Ӯ мегӯяд, рисолаи номзадиашро тақрибан анҷом дода, вале барои нашри он бояд як силсила мақолоте дар матбуот дар мавриди мавзӯи мавриди кораш нашр кунад. Аввалан чунин матбуоти илмие нест, мегӯяд ӯ ва сониян барои нашри ин мақола пул талаб мекунанд.

Аммо дар шароити феълии мушкилоти иқтисодӣ ба гуфтаи бисёре аз олимон мусоидати созмонҳо ва дастаҳои кӯмакрасон дар заминаи анҷоми таҳқиқотҳои илмӣ то андозае камбуди маблағгузории давлатро барои илм ҷуброн кардааст. Ба муҳосибаи масъулони Фарҳангистони Улум сармоягузории солони ниҳодҳои кӯмакрасон баробари буҷаи солонаест, ки давлат барои Фарҳангистони улум ихтисос медиҳад. Аз ҷумла аксари дастовардҳои олимон тавассути ҳамин сармоягузориҳо ҳосил ва озмоиш шудааст. Аммо боз ҳам мегӯянд масъулони муассисаҳои илмӣ грантҳо ва ё кӯмакҳои хориҷӣ як амри тасодуфист, ки гоҳ хоҳад буд ва гоҳ не, вале ин танҳо давлат аст, ки метавонад дубора, ҷойгоҳи илму олимро бар ҷомеа боз гардонад.
XS
SM
MD
LG