Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шурӯъи муҳокимаи Ёқуб Салимов


Додгоҳи Олии Тоҷикистон баррасии парвандаи Ёқуб Салимов - вазири пешини умури дохилаи кишварро рӯзи сешанбе оғоз кард ва мурофиаи додгоҳии ӯ ба мулоҳизаи амниятӣ дар боздоштгоҳи муваққати вазорати амният баргузор шуд. Ҳамчунин ба гуфтаи мақомоти Додгоҳи олӣ, ба далели он, ки бархе аз маводи парванда сирри давлатӣ мансуб мешавад, мурофиа пушти дарҳои баста анҷом хоҳад шуд.
Ёқуб Салимов - вазири пешини умури дохилаи Тоҷикистон, ки дар хиёнат ба ватан, кӯшиши табаддулоти давлатӣ, нигаҳдории силоҳ, амалиёти тахрибкорӣ ва бондитизм муттаҳам шудааст, дар моҳи июни соли 2003 дар шаҳри Маскав боздошт ва дар моҳи феврали соли равон ба Тоҷикистон таҳвил дода шуд.
Ёқуб Салимов аз фармондеҳои пешини Ҷабҳаи мардумист, ки тавассути пирӯзии низомӣ бар нирӯҳои ҳукумати мусолиҳаи миллӣ заминаи ба сари давлат омадани Эмомалӣ Раҳмоновро дар поизи соли 1992 фароҳам кард ва баъдан ба ҳайси вазири дохила таъйин шуд. Ёқуб Салимов то августи соли 1995 вазири умури дохила буд ва баъдан сафири Тоҷикистон дар Туркия таъин шуд. Аммо дар соли 1997 дубора баргашт ва ба раёсати кумитаи гумруки кишварро мансуб гашт. Аммо дар моҳи августи ҳамон сол дар як муноқишаи миёни фармондеҳони ҷабҳаи халқӣ, ки баъдан талоше барои сарнагуни ҳукумат номида шуд, шарик дониста шуд ва аз Тоҷикистон фирор намуд.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG