Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушкилоти шиносномагирӣ дар вилояти Суғд


ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Ба мушкилоти гирифтани шиносномаи хориҷӣ сокинони он манотиқи вилояти Суғд рӯ ба рӯ шудаанд, ки дар маҳалҳои зисти онҳо марказҳои шиносномадиҳӣ вуҷуд надорад. Шиносномаи хориҷии умумишаҳрвандии Тоҷикистон ба сокинони Суғд дар бахши раводид ва шиносномадиҳӣ ба истилоҳ шӯъбаи ОВИР - и умури дохилаи Суғд, омода мешавад, вале дар 6 минтақаи вилоят марказҳо барои қабули ҳуҷҷатҳо ва супурдани шиносномаҳо фаъолият мебаранд. Ин гуна марказҳо дар шаҳрҳои Хуҷанду Конибодом, Ғафурову Истаравшан ва Панҷакент вуҷуд доранд ва сокинони манотиқи атроф низ бояд ба ҳамин марказҳои шиносномадиҳӣ муроҷиат намоянд. Ин ҳолат, ба гуфтаи намояндагони манотиқи дурдасти вилояти Суғд, барояшон душвориҳои зиёди омадурафт ва навбатпоиҳои тӯлонӣ дар идораи шиносномадиҳиро дар пай овардааст.

Масалан, вақте ки ман субҳи рӯзи душанбе ба идораи шӯъбаи шиносномадиҳии шаҳри Бобоҷон Ғафуров, 10 километрии ҷануби Хуҷанд, ворид гаштам, даҳҳо нафарро дидам, ки назди як тирезаи баста навбат мепоиданд. Бархе аз онҳо, ба гуфтаи худашон, ба талаби шиносномаи хориҷӣ бо паси сар гузоштани 100 - 150 километр роҳ аз маҳалҳои Ашту Адрасмон ба шаҳри Ғафуров омадаанд ва на як бору ду бор:

"Mан барои гирифтани шиноснома 3 рӯз пеш омада будам, гуфтанд, ки ҳоло тайёр нест. Боз имрӯз омадам ва пагоҳӣ мунтазирам, боз гуфтанд, ки баъди нимрӯзӣ биё.

"Ман аз ноҳияи Ашт се бор овора шуда омадам, нағз мешуд, дар вакти ваъдагиашон шиносномаи хориҷиамро медоданд. Шароити вазнини рафтуомад ба ҳама маълум."

Вале масъулини идораи шиносномадиҳии шаҳри Ғафуров аз шарҳи бештари сабабҳои навбатпоии одамон ва аз 15 рӯз то 1 моҳ дер кашидани мӯҳлати додани шиносномаи хориҷӣ ба шаҳрвандони муроҷиаткарда худдорӣ варзиданд. Аммо Музаффар Алиҷонов - сарвари бахши раводид, сабти шаҳрвандони хориҷӣ ва шиносномадиҳӣ дар идораи умури дохилаи вилояти Суғд дар ин бора гуфт:

«Дар ин бора фармони вазир ҳаст, мувофиқи он дар ҳар як маркази қабули ҳуҷҷатҳои шаҳрвандон барои гирифтани шиносномаи хориҷӣ фақат ду нафари корманд ҷудо карда шудааст. Аммо ман як чизро гуфтаниам, ки он кормандон аз соати ҳашти субҳ то даҳи шаб кор мекунанд. Баъзан ҳолатҳое мешавад, ки соатҳои се ва чори нимашаб ба хонаҳоямон меравем.»

Ва ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи полковник - Алиҷонов феълан дар шимоли Тоҷикистон беш аз шаш ҳазор шаҳрванд барои гирифтани шиносномаи хориҷӣ ба идораҳои шиносномадиҳӣ муроҷиат карда ва танҳо зиёда аз ду ҳазори онҳо соҳиби шиносномаи нав шудаанд.
XS
SM
MD
LG