Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шиносномаҳои нав ва саргардонсози тоҷикӣ


Шарифалӣ Камолов, як сокини ноҳияи Бохтари Хатлон мегӯяд, шоми якшанбеи 22 ноябр ӯро бо иллати тақаллубӣ будани шиносномаи хориҷиаш аз тайёраи самти парвози Душанбе -Маскав поин карданд. Ба гуфтаи ҷаноби Камолов, ӯ шиносномаи хориҷиро даҳ рӯз қабл аз шӯъбаи шиносномадиҳии ноҳияи Бохтар бар ивази 110 сомонӣ дастрас кардааст:

"Паспортамро фалшивий гуфта гардонданд."

Оқои Камолов ҳамчунин афзуд, кормандони мақомоти марзбонии Тоҷикистон, мустақар дар фурудгоҳи Душанбе бо иллати тақаллубӣ, ё худ сохта будани шиносномаҳои хориҷӣ ҳамроҳи ӯ ҳудуди 20 нафари дигарро низ аз тайёра поин, шиносномаҳояшонро мусодира карда ва бар иваз ба онҳо ҳуҷҷати мусодираи шиноснома доданд. Ин дар ҳолест, ки мақомоти марзбонии фурудгоҳи Душанбе аз додани маълумот дар мавриди теъдоди боздошти шиносномаҳои хориҷии тақаллубӣ худдорӣ карданд. Аммо як марзбони фурудгоҳи Душанбе дар сӯҳбати бидуни микрофон ба радиои «Озодӣ» гуфт, субҳи рӯзи 22 ноябр аз як сафари тайёраи самти парвози Душанбе-Маскав 22 нафар мусофирон бо иллати сохта будани шиносномаҳо аз тайёра поин карда шуд.
Мусофирони аз сафар бозмонда, ки айни ҳузури мо ҳудуди 20 нафар буданд изҳор доштанд, мақомоти фурудгоҳ ба онҳо эълон доштааст, танҳо 75 дарсади маблағи чиптаи тайёраро бозпас мегардонад. Хайрулло Раҳимов, як сокини ноҳияи Варзоб гуфт, нафароне, ки бо иллати сохта будани шиноснома аз сафар бозмондаанд аз манотиқи мухталифи кишваранд. Аммо ба эътиқоди ӯ сокинони вилояти Хатлон бештар будаанд:

"Се ҳафта пеш паспорти хориҷӣ гирифтам. Бори аввал паспорт доданд ба ҷои Тоҷикистон Белоруссия чоп карданд. Ман гардондам. Гуфтам о ин ҷо Белоруссия навиштагӣ, ман аз Тоҷикистон-ку. Бо ина ҳамин паспорта доданд, билет гирифтем, омадем, дар аэропорт гирифтандаш. Гуфтанд, ин парспортатон фалшивӣ аст, гардонданд."

Ба гуфтаи оқои Раҳимов чанд нафари дигарро аз фурӯдгоҳи шаҳри Маскав бо иллати шиносномаи хориҷии сохта доштан ба Душанбе бозпас гардонданд. Ин дар ҳолест, ки мақомоти шиносномадиҳӣ тақаллубӣ будани қисмате аз шиносномаҳои хориҷии тоза ба чоп расонидаро таъйид мекунанд. Гулнора Мирова, сарнозири шӯъбаи бақайдгирии раёсати умури дохилаи вилояти Хатлон мегӯяд, мо 400 шиносномаи бо иллати надоштани нишонаҳои махсуси ҳифозатӣ ба вазорати корҳои дохила бозпас гардондем ва онҳо бояд ин мушкилро бо вазорати умури хориҷа, ки супоришгари ин шиносномаҳо ҳастанд, ҳал намоянд:

"Ин ҷо айби ОВИРу ОВД нест. Паспортро дар Қазоқистон печат мекунанд, вазорати корҳои хориҷӣ мегирад ва меорад. Мо иҷрокунанда танҳо ҳастем. Бо сабаби муносибати хунукназаронаи кормандони вазорати умури хориҷӣ, ки бе тафтиш бланкаи шиносномаҳоро гирифтанд, чунин ҳодиса ба амал омадааст."

Дар ҳамин ҳол, масъулони вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ҳозир нашуданд, иллати сар задани мушкили шиносномаҳои хориҷии сохтаро шарҳ диҳанд. Гуфта мешавад, қисмати нави шиносномаҳои хориҷии Тоҷикистонро дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон ба чоп расонидаанд ва тибқи нишондоди мақомоти масъул арзиши он бо иловаи пардохти боҷи давлатӣ 26 доллар ё худ ҳудуди 80 сомонӣ муайян шудааст.
XS
SM
MD
LG