Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Минтақаи марзии Хоруғ ба дасти марзбонони тоҷик мегузарад


Бино ба хабари дафтари матбуоти Гурӯҳи марзбонии Русия дар Тоҷикистон, марзбонони рус мавзеъи марзии Андаробро дар минтақаи марзии Хоруғ аллакай тарк кардаанд ва комиссияи муштараки ду кишвар дар ин минтақа ба маъракаи таҳвили масъулияти назорати марз оғоз кардааст.
Сухангӯи марзбонони рус Александ Кондратев гуфтааст, бар асоси шароити созишномаи рӯзи 16 октябр байни ду кишвар имзошуда, марзбонони рус масъулияти назорати ҳамаи 212 километр тӯли марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро дар минтақаи Хоруғ якҷо бо куллия моликияти манқулу ғайриманқул ба ихтиёри марзбонони тоҷик мегузоранд.
Маросими хатми марҳалаи таҳвили масъулият дар минтақаи марзии мазкур 1 декабр доир хоҳад шуд. Дар ин рӯз парчами Русия аз боми гузаргоҳҳои ин қитъаи марз расман поён оварда хоҳад шуд. Полковник Кондратев мегӯяд, марҳалаи таҳвили масъулияти назорати марз бо Афғонистон дар минтақаи Ишкошим ба поён расидааст.
Мирзои Салимпур, Прага.
XS
SM
MD
LG